Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: МИНИАТЮРАНИГОРӢ
Анъанаи миниатюранигорӣ имрўзҳо низ дар Тоҷикистон идома дорад. Дар шаҳри Душанбе суннати тасвири миниатюраҳоро рассоми шинохтаи тоҷик Олим Камолов ва шогирдони ў идома медиҳад. Дар мактаби эҷодии ў тасвири миниатюраҳо дар табақҳои сафолию чўбӣ, лавҳаҳо ва чўбҳо қаламкорӣ мешаванд. Дар гузашта рассомон аввал тарҳи миниатюраро ба об дар рўи қоғаз мекашиданд, баъди хушкидани об пайи онро бо хати сурх ё сиёҳ аёнтар мекарданд. Сипас ба варақ омехтаи оҳар ва сафедии тухм молида, баъди хушкидан онро бо булўр ё ақиқи сўхта сайқал медоданд.
Нигориши миниатюраҳо яке аз намудҳои санъати тасвирии суннатии халқи тоҷик ба шумор меравад. Он таърихи хеле қадима дошта, аз сангнигораҳо, деворнигораҳо ва катибаҳо сарчашма мегирад. Дар таърихи давлатдории тоҷикон мактабҳои мухталифи миниатюранигорӣ зуҳур кардаанд, махсусан, мактаби Ҳирот, ки намояндаи барҷастаи он Камолуддини Беҳзод буда, бо тасвирҳои худ дар ҷаҳон машҳур гаштааст. Осори хаттии ниёгони тоҷикро бе тасвирҳои миниатюра тасаввур кардан номумкин аст. Махсусан, дар дастхатҳои асарҳои ҳамосавии Фирдасӣ, Низомӣ,Ҷомӣ, Амир Хусрав, лирикаи Ҳофиз, Саъдӣ ва шоирони дигар манзараҳои табиату иморатҳо, бозиҳои варзишӣ, набардҳо, шоҳону дарбориён, базми мусиқию тараб ва ғайра хеле шигифтангез тасвир ёфтаанд.
Анъанаи миниатюранигорӣ имрўзҳо низ дар Тоҷикистон идома дорад. Дар шаҳри Душанбе суннати тасвири миниатюраҳоро рассоми шинохтаи тоҷик Олим Камолов ва шогирдони ў идома медиҳад. Дар мактаби эҷодии ў тасвири миниатюраҳо дар табақҳои сафолию чўбӣ, лавҳаҳо ва чўбҳо қаламкорӣ мешаванд. Дар гузашта рассомон аввал тарҳи миниатюраро ба об дар рўи қоғаз мекашиданд, баъди хушкидани об пайи онро бо хати сурх ё сиёҳ аёнтар мекарданд. Сипас ба варақ омехтаи оҳар ва сафедии тухм молида, баъди хушкидан онро бо булўр ё ақиқи сўхта сайқал медоданд. Ҳоло ҳунармандон ба иловаи суннатҳои пешина аз рангҳои воридотии корхонагӣ ва василаҳои технологии муосир низ самаранок истифода мебаранд.
Мусаввараҳои ҷолибу рангини О. Камолов, аз он ҷумла «Наврўз», «Роҳи абрешим», «Пойга» ва чанде дигар дар озмуну намоишгоҳҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, савзовори ҷоизаҳои баланд гаштаанд.
Донишу маҳорат ва таҷрибаҳои минитюранигорӣ имрўзҳо дар шаҳрҳои Душанбе Хуҷанд бо усули суннатии «устод- шогирд» дар мактаби эҷодии «Мино» интиқол меёбанд. Имрўзҳо дар қатори шогирдон духтари Олим Камолов – Бону низ ҳунари нигориши миниатюраҳои классикиро аз худ кардааст ва ин анъанаи ниёгонро бо завқу ҷўшу хурўш ба пеш мебарад.
Аз китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон». – Душанбе: «Эр-граф». – 2017. – С.184.
Дар Китобхонаи миллӣ дар ин мавзуъ боз метавонед ин матолибро ҳам варақ занед:
Ашрафӣ, М. Беҳзод ва рушди мактаби минятюраи Бухорои асри XVI. – Душанбе: Дониш. – 1987.
Камолиддин Безод: Мусаввир наққош ва минятюранигори тоҷик // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – Ҷ.1. – С. 272-273.
Қурбоншоев, Ш. Мусаввараҳои зебо: Дар бораи намоиши асарҳои рассомони ҷавони республика дар Музеи муттаҳидаи республикавии таъриху кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи Камолиддин Беҳзод // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1989. – 15 январ.
Тасвири асари Рассоми халқии Тоҷикистон, сўзанидўзии моҳир З. Бариддинова «Камолиддин Беҳзод ва минятюрҳои ў» // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 16 феврал. – С.14.
Чудович, Е. Мусаввири рўзгор: Дар бораи эҷодиёти рассоми Тоҷикистон В. Боборикин // Садои Шарқ. – 1971. – №1. – С. 96-101.
Белинская, А., Пўлодов, Ў. Камолидини Беҳзод: Ҳаёт ва эҷодиёти минятюранависи асри миёнагии Шарқ // Садои Шарқ . – 1973. – №6. – С. 100-111.
Луқмон,Т. Ба думболи зебоӣ : Оиди расмҳои офаридаи рассоми номвар, ягона Рассоми мардумии Иттиҳоди Шўравӣ аз Тоҷикистон Сўҳроб Курбонов // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 13 август.
Таҳияи Парвина Қаюмова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ