Зиндагинома ва осори илмии беш аз 1600 олими тоҷик дар таълифи Ёрмуҳаммади Сучонӣ
Нашр шуд 2018-10-10 11:42
Арзишмандтарин китоб, ки ин моҳ интишор шуд. Ёрмуҳаммади Сучонӣ, таърихнигор, фарҳангнавис ва донишноманависи маъруф натиҷаи заҳамоти чандинсолаи худро зери “Арбобони илми тоҷик (асри ХХ – аввали асри ХХI)” бо дастгирии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз чоп баровард. Ин китоб донишномаест, ки дар бораи бештар аз 1600 нафар донишмандони кишвар маълумот медиҳад.
Корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ёрмуҳаммади Сучонӣ натиҷаи ҷустуҷӯи чандинсолаашро дар шакли китоби алоҳида ба хизмати хонандагон гузошт. Дар он зиёда аз 1600 нафар намояндагони илми тоҷик муаррифӣ шудаанд. Инҳо зодагону парвардагони Тоҷикистон, ҳамчунин нафарони дар ҷумҳуриамон кору зиндагӣ карда ва донишмандони хориҷи мамлакат, ки меҳвари аслии таҳқиқоташонро соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардумамон ташкил медиҳад, ҳастанд. Ба китоб академикҳо ва аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон, докторони илм (таври истисно баъзе номзадҳои илми сермаҳсул), соҳибони унвонҳои ифтихории Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ворид гардидаанд.
Нуктаи муҳим ин аст, ки равияи илмӣ ё мавзӯи асосии таҳқиқоти ҳар як донишманд баён ёфта, осори илмиаш дар шакли китоби алоҳида (рисола, дастуру нишондиҳандаи таълимию методӣ ва ғайра) бо забони асл оварда шудааст. Ҳамзамон адабиёт (он ҳамчун китоби ҷудогона) оид ба ҳаёту осори донишмандон пешкаши хонанда гардидааст.
Китоб ҷанбаи оммавӣ дошта, доираи васеи хонандагон метавонанд аз он баҳра бардоранд.
Фирдавс Аминов
Сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии
Китобхонаи миллии Тоҷикистон