Ҳунарҳои мардумӣ – шаҳодатномаи миллат
Нашр шуд 2018-06-25 14:17
Чунин ном дорад дастури нави библиографие, ки ахиран рӯи чоп омадааст. Мураттиб, Ситора Абдумуминзода муаллифи лоиҳаи «Барномаи бунёди бойгонии захираҳои иттилоотӣ – электронӣ дар Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода барои солҳои 2017-2019» буда, дастури мазкур низ дар доираи ин лоиҳа нашр гардида, муаррификунандаи ҳунарҳои мардумӣ дар асоси захираҳои мақолаҳои матбуоти даврӣ ва асарҳои илмӣ ҷамъовардашуда мебошад.
Ҳунарҳои мардумӣ шомили фаъолтияти ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда, як рукни фарҳанги миллӣ мебошанд. Бинобар ин мебояд нисбати ин пеша таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир кард. Бояд қайд намуд, ки ҳунарҳои мардумии тоҷикон бешумор буда, омӯхтан ва тарғибу ташвиқ намудани моҳияти онҳо дар байни омма ва оламиён яке аз самтҳо фаъолияти китобдорон дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Зеро ҳунарҳои мардумӣ бемуболиға инъикосгари миллати тоҷик дар байни миллатҳои дигар мебошанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои моддию маънавии мардуми шарифамонро ба саҳми аҳли олам расонем ва тавонем нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ идома диҳем. Ин буд, ки бо ташабуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мақсади муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, соли 2018 дар Тоҷикистон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.
Дар тақвияти гуфтаҳои боло мехоҳам асари библиографии ҷадид, ки феҳристи адабиёт доир ба ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад ва зери унвони «Ҳунарҳои мардумӣ – шаҳодатномаи миллат» дар матбааи «Паёми ошно» ба тозагӣ рӯйи чоп омадааст, муаррифӣ кунам. Китоб дар таҳияи муҳаққиқ ва омӯзгори ҷавону умедбахши соҳаи китобдорӣ Ситора Абдумуминзода ба нашр расидааст.
Чуноне дар пешгуфтор омада, дастури библиографии «Ҳунарҳои мардумӣ – шаҳодатномаи миллат» дар асоси захираи маводҳои илмию оммавии Китобхонаи илмии Донишкадаи давалатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ҳамчунин сомонаҳои Интернетӣ таҳия шудааст.
Мураттиб, Ситора Абдумуминзода муаллифи лоиҳаи «Барномаи бунёди бойгонии захираҳои иттилоотӣ – электронӣ дар Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода барои солҳои 2017-2019» буда, дастури мазкур низ дар доираи ин лоиҳа нашр гардида, муаррификунандаи ҳунарҳои мардумӣ дар асоси захираҳои мақолаҳои матбуоти даврӣ ва асарҳои илмӣ ҷамъовардашуда мебошад.
Бояд қайд кард, ки ин дастури библиографӣ аз ду қисми асосӣ ва дастгоҳи маълумотдиҳии нашр иборат аст. Дар қисми якуми дастур доир ба ҳар як ҳунарҳои мардумӣ аз қабилӣ: адрас ва атласбофӣ, рағзабофӣ, қолинбофӣ, намадмолӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чакан, қуроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ, муҳрабофӣ, шерозбофи, ҷуроббофӣ, пойафзолдӯзӣ, читгарӣ, заргарӣ, мисгарӣ, кулолӣ, кандакорӣ ва ғайра, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон рушд намудаанд, маълумотҳои мушаххас оварда мешавад. Ҳамчунин дар ин бахш вобаста ба мавзӯҳои матраҳшаванда барои аёнияти андешаҳо расмҳои ранга оварда шудааст.
Қисми дуюми дастур фарогири маводи иттилоотӣ-библиографӣ буда, дар ин ҷо тасвири библиографии мақолаҳо дар матбуоти даврӣ, нашрияҳои илмӣ ва сомонаҳои интернетӣ оид ба ҳунарҳои мардумӣ нашр шуда, оварда шудааст. Унвони ҳамаи мақолаҳо бо забони асл омада, нашри мақолаҳо ва дар доҳили онҳо бо тартиби алифбо, аввал ба забони тоҷикӣ ва сипас ба забони русӣ мураттаб гардидаанд.
Ҳамчунин барои осон кардани кори пажуҳишии хонанда дар охири асар, кўмакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос тартиб дода шудааст, ки ин яке аз талаботҳои низоми таҳияи дастурҳои библиографӣ дар қисмати дастгоҳи маълумотдиҳии нашр мебошад.
Сайзароб Надиров, корманди
Китобхонаи миллии Тоҷикистон