Таҳлили дастовардҳои китобдории тоҷик дар замони Истиқлолият
Нашр шуд 2018-05-12 18:21
Ин мизи мудаввар қабл аз зӯҳри дирӯз, 11-уми май дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд ва ҳадаф аз он зикри ҳама комёбиву дастовардҳои Китобхонаи миллӣ ва китобдории тоҷик дар замони Истиқлолияти кишвар буд.
Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов дар сухани ифтитоҳии худ руҷӯе дошт ба гузаштаи начандон дур. Вай гуфт, ки ҳатто ҷанги харобиовари дохилӣ натавонист ба бойгонии ин кохи маърифат осеб расонад. Гадобек Маҳмудов афзуд, ки бо талоши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Китобхонаи миллӣ дар маркази шаҳр бунёд шуд, ки ғунҷоиши азими китоб ва толорҳо муҷаҳҳази хониш дорад. Муовини директори Китобхонаи миллӣ илова кард, ки бинои замонавии Китобхонаи миллӣ дар як замоне қомат рост кард, ки кишвар мушкилоти зиёди иқтисодӣ дошт, вале Пешвои миллат рушди фарҳангро аввалтар гузоштанд, чун ҷомеаи солимро танҳо касоне бунёд мекунанд, ки бо китоб дӯстанд.
Директори Пажӯҳишгоҳи илми тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ Шариф Комилзода дар мавзӯъи «Нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар рушди китобдории тоҷик» маъруза намуд.
Қурбоналӣ Буриев – директори Муассисаи давлатии "Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб - Хонаи китоби Тоҷикистон" н.и.т, дотсент оид ба «Фаъолияти Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот дар самти китобдорӣ » изҳори андеша намуд.
Дар бахши дигари ҳамоиш китобҳои тозанашри Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот - китоби шашуми «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон” ва “Шариф Комилзода: китобномаи шарҳиҳолӣ” рунамоӣ шуданд.
“Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон” шашумин бор нашр мешавад ва он алманахеро мемонад, ки ҳамасола мақолоту пажӯҳишҳои олимони кишвар дар бораи китоб ва китобдориро бо ду забон: русӣ ва тоҷикӣ гирд меорад. Дар шумораи ҷадид, ки ахиран интишор ёфт, мақолаҳои С.Шосаидзода “Инноватсияи китобдорӣ: ҷанбаҳои назариявӣ ва методологӣ”, Б.Холов “Фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ”, Шариф Комилзода “Таҳқиқоти равандҳои инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ”, Г.Маҳмудов “Бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси китобдорон талаби замони муосир”, Н. Раҷабова “Амсилаҳои менеҷмент”, Қ.Бӯриев “Хонаи китоби Тоҷикистон: таърих, вазъ ва мушкилот”, С.Икромӣ “Матбуот дар ҳошияи Ваҳдати миллӣ”, Г. Маҳмудов ва С. Раҷабова “Роҳнамои Китобхонаи миллии Тоҷикистон”, Ҷ.Валиев “Китобхонаи миллии Тоҷикистон – аркони давлатдории миллӣ”, Ё.Бердизода “Китобҳои электронӣ ҳамчун сарчашмаи иттилоотӣ дар ҷомеаи муосир” ва ғайраро метавон мутолиа кард.
Китоби “Шариф Комилзода: китобномаи шарҳиҳолӣ” ҳамагӣ чанд рӯз пештар дар чопхонаи “Бебок” чоп шудааст ва мураттибони он Қурбоналӣ Бӯриев ва Сафар Шосаидзода мебошанд. Бори заҳмати пажуҳиши библиографӣ ва ҷамъоварии маводро Меҳроҷ Комилов ва Рӯзигул Ҳасанова кашидаанд.
Китоб аз пешгуфтор ва бобҳои “Асарҳо”, “Асарҳои илмӣ, илмӣ-методӣ, таълимӣ”, “Адабиёт доир ба Шариф Комилзода”, “Кумакфеҳристҳо” иборат аст.
Маврид ба ёдоварист, ки Шариф Комилзода аз ҷумлаи шинохтатрин чеҳраҳои фарҳангии кишвар ва донишманди соҳаи китобдорӣ, поягузори библиографияи адабиёти кӯдакон ва наврасон аст. Саҳми ӯ дар таълифи китобу маҷмўаҳо, мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва библиографӣ назаррас аст. Заҳмату омўзиш ва таҳқиқу пажуӯҳишҳояш дар соҳаи китобдории тоҷик, бахусус библиография самараи фаровону судманд ба бор овардааст. Ў доир ба масоили фарҳангшиносӣ ва илми китобдорӣ беш аз 500 асару мақолаҳо ва дастурҳои библиографӣ таълиф намудааст, ки «Библиографияи адабиёт барои кўдакон ва наврасон», «Ташаккули фарҳанги китобдорӣ-иттилоотии хонандагон», «Асосҳои донишҳои китобдорӣ-иттилоотӣ», «Китобхонаи миллии Тоҷикистон: дирўз ва имрўз. Дастури таълимӣ барои мактабҳои олӣ», «Эмомалӣ Раҳмон. Китобномаи шарҳиҳолӣ», «Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ. Феҳристи адабиёт», «Наврўз. Китобнома», «Иҷлосияи сарнавиштсоз. Феҳристи адабиёт», «Об-манбаи ҳаёт. Феҳристи адабиёт» аз ин ҷумлаанд.
Аксҳои Хусрави Милод