«Бухорои шариф» - сароғози матбуоти тоҷик

«Бухорои Шариф» аввалин  нашрияе мебошад, ки дар қаламрави Осиёи Миёнаи тоинқилобӣ пурра бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасид. Ин рўзнома як соли пурра ҳам фаъолият накард. Баъди нашри шумораи 153-юмаш, 2-юми январи соли 1913 баста шуд. Вале дар ин муддати кўтоҳ, тавре муҳаққиқон зикр кардаанд, тавонист, ки дар фазои торики Аморати Бухоро афкору андешаҳои тозаи маорифпарваронаро миёни мардум шарҳу тавзеҳ диҳад ва ҳадафҳои таъсису фаъолияташро, ки босаводу соҳибмаърифат, забондону адабиётдўст ва худшиносу ояндабин кардани мардум буд, амалӣ гардонад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, ҳамасола дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо 11-уми март ҳамчун «Рўзи матбуоти тоҷик» таҷлил мегардад.

Таҷлили «Рўзи матбуоти тоҷик» аз рўзи нашри аввалин рўзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки нахустшуморааш 11-уми марти соли 1912, бо ташаббуси Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким ба табъ расид, сарчашма мегирад. Ин рўйдоди таърихиву фарҳангӣ сароғоз ва нахустин қадамҳои устувори матбуоти тоҷик буд. Яъне, 107 сол қабл «Бухорои Шариф» сарчашмаи асосии матбуоти миллӣ гардида, то ба имрўз матбуоти миллӣ рушду нумў карда, дар ғанигардонии маърифату xаҳонбинӣ, худшиносии миллии мардум ва ободию пешрафти давлату миллатамон саҳми босазое  гузоштааст.

«Бухорои Шариф» аввалин  нашрияе мебошад, ки дар қаламрави Осиёи Миёнаи тоинқилобӣ пурра бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасид. Ин рўзнома як соли пурра ҳам фаъолият накард. Баъди нашри шумораи 153-юмаш, 2-юми январи соли 1913 баста шуд. Вале дар ин муддати кўтоҳ, тавре муҳаққиқон зикр кардаанд, тавонист, ки дар фазои торики Аморати Бухоро афкору андешаҳои тозаи маорифпарваронаро миёни мардум шарҳу тавзеҳ диҳад ва ҳадафҳои таъсису фаъолияташро, ки босаводу соҳибмаърифат, забондону адабиётдўст ва худшиносу ояндабин кардани мардум буд, амалӣ гардонад. Ба қавли устод Садриддин Айнӣ: «Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки  мардумро дар рўшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд» ва барои вориди майдони матбуот шудану фаъолият намудани нашрияҳои баъдии тоҷикии «Шуълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва дигар рўзномаву маҷаллаҳо замина гузошт. «Бухорои Шариф» чун нахустин рўзномаи тоҷикӣ бо фаъолияти кўтоҳ, вале пурсамараш таъсиру такони бузурге ба сиёсату иҷтимоии замон ва афкору ҷаҳонбинии мардум бахшид.

Имрўз мероси гаронбаҳои матбуоти даврӣ бо шумори беш аз як миллион нусха рўзномаву маҷаллаҳое, ки солҳои гуногун бо ҳуруфи тоҷикӣ, форсӣ, русӣ-кириллӣ ва лотинӣ нашр шудаанд, дар Шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд. Ин бойгонии мероси маънавии миллат аз соли 1935 то имрўз барои ҷамъоварӣ кардану ҳифзу нигаҳдорӣ намудани матбуоти даврӣ ва иттилоотонию ташаккул додани маърифату маънавиёти мардум саҳми арзанда гузошта, имрўз боз дар фазои соҳибистиқлолии кишвар ба ғайр аз мутолиаи ҳамешагии хонандаҳо як махзани бузурге барои устодону донишҷўён, олимону пажўҳишгарон ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногун мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки аз 153 шумораи нахустрўзномаи сирф тоҷикӣ «Бухорои шариф» имрўз 110 шумораи электронии он дар Шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мавҷуд аст, ки аз он донишҷўён, муҳаққиқону таърихнигорон ва олимони соҳаи журналистика дар таҳқиқотҳои худ истифода менамоянд.

Устод Садриддин Айнӣ дар солҳои ташаккули матбуоти тоҷик навишта буд, ки: «Рўзномаи ҳар қавм ва  миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рўзнома надорад, гўё забон надорад. Қавми берўзнома мисли одами безабон дарду ранҷ ва орзуву амоли худро гуфтаву барои муттаҳидиву якдилӣ саъю талош карда наметавонад. Акнун, ки қавми мо забон баровардааст, метавонад ҳамаи дардҳояшро ба рўзномаи худ нависад, аз аҳволи олам бохабар шавад ва дари дилашро ба воситаи  рўзномааш, ки бо забони тоҷикист, ба ҳар кас во намояд».

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки дарду ранҷ, шодию нишот ва орзую омоли мардум бештар дар авроқи рўзномаю маҷаллаҳо сабт мегарданд. Роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон талош бар он дорад, ки теъдоди матбуоти даврии Китобхонаро афзоиш дода, ҳамкориро бо идораҳои рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ тақвият диҳад. Аз ин лиҳоз, саҳмгузории ҳар яки мо дар ғанигардонии фонди Шуъбаи матбуоти давриии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар таърихи миллати тоҷик мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо, рўзноманигорон ва кормандони соҳаи матбуотро ба муносибати санаи мубораки «Рўзи матбуоти тоҷик» самимона табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатӣ ва комёбиҳои тозаи эҷодиро орзу мекунам.

Абдусалом Мирализода, директори
Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Барчаспҳо: