Мо аз Худоем ва сӯи Ӯ бозмегардем

Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангом ва бармаҳали мутахассиси пешбари шуъбаи феҳристнигорӣ

МАҶИДОВА ГУЛЧЕҲРА АЗИЗОВНА

андуҳгин буда, барояш аз даргоҳи Худованди Маннон Фирдавси барин ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳон аст.

Маҷидова Гулчеҳра Азизовна 21 сентябри соли 1978 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, соли 2001 донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм намудааст.

Мавсуф фаъолият кории худро аз соли 2001 дар шуъбаи коркарди адабиёт ва феҳристнигории Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ оғоз намуда, сипас дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ташкилӣ ва таҳлил идома додааст.

Аз моҳи апрели соли 2014 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи феҳристнигорӣ фаъолиятм кориӣ идома додааст.

Инсони шариф, дӯсти шафиқ ва мутахассиси корозмудаву пӯхтакор буд

Руҳаш шоду хонаи охираташ обод бод!