Чунин аст хулосаи суҳбати кутоҳи мо бо Муқаддас Тешаева – Сардори Шуъбаи коркарди адабиёти Китобхонаи миллӣ.
- Каме оид ба таърихи фаъолияти шуъбаи такмили адабиёт маълумот медодед. Яъне шуъбаи мазкур дар кадом самтҳо фаъолият мебарад?
- Шуъбаи такмили адабиёт таърихи беш аз 80-сола дорад. Он соли 1936 ҳамчун шуъбаи мустақил ташкил гардид ва имрӯз яке аз шуъбаҳои асосии Китобхонаи миллӣ ба шумор меравад. Фаъолияти шуъба ба пуркунии захираи Китобхона бо адабиёти ватанӣ ва қисман нашрияҳои хориҷӣ равона шудааст. Ба шуъбаи мазкур ҳамасола зиёда аз 30 000 нусхаи чопӣ ва дигар маводҳои зарурӣ барои захираи китобхона ворид мешавад. Ҳар моҳ тақрибан 3 ҳазор маводи чопию электронӣ ба қайд гирифта ва коркард мешавад.
Аз ҷумлаи вазифаҳои шуъба қабули нусхаҳои ҳатмӣ, китобҳои тӯҳфашуда, харидорӣ намудани китобҳои тозанашр, ба қайд гирифтани адабиёти ворида, коркарди адабиёт ва равон кардани он ба фондҳои гуногунсоҳа, таҳлили фонди Китобхона, муайян намудани адабиёти кам дархостшаванда ва ғайра мебошад.
- Соли бафайз буд. 28273 нусха китоб ба маблағи баштар аз 540821 сомонӣ ворид ва коркард шуд. Воридоти китоб ба захираи умумии китобхона - 25071 нусхаро ташкил дод. Аз он ҷумла, китобҳо – 2749 нусха, нашрияҳои илмии давомнок -105 нусха, маҷаллаҳо - 1473 нусха, нотаҳо - 21 нусха, пиеса 223 нусха, авторефератҳо- 300 нусха, диссертатсияҳо - 26 нусха, дастнависҳо - 64 нусха, грампластинкаҳо DVD ва CD - 67 нусха, секограмма 43 – нусха ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ 3055 нусха, ба воситаи равобити байналмилалии байникитобхонавӣ – 147 нусха ба қайд гирифта шуда, барои мутолиа намудан ба фонди Китобхона равон арда шуд.
90 дарсад китобҳое, ки ба он хонандагон эҳтиёҷ доштанд ва дархост мекарданд, иҷро шуд ва инҳо бештар китобҳои илмиву омӯзишии тиббӣ буданд. Соли 2017 Китобхона ду маротиба китобҳои зарурии тиббии чопи нашрияҳои шаҳри Маскав ва дохили ҷумҳуриро харидорӣ кард.
- Чун дар боло қайд намудед яке аз самтҳои фаъолияти шуъбаи шумо қабул намудани нусхаҳои ҳатмӣ ба ҳисоб меравад. Пас, мегуфтед кадом нашриётҳо фаъолияташонро қисман иҷро намекунанд?
- Агар гуем, ки қариб қисми зиёди нашриётҳо дар супоридани нусхаи ҳатмӣ ба Китобхона фаъол нестанд, хато намекунем. Муассисаҳои чопӣ тибқи қонун ӯҳдадор ҳастанд, 3 нусхаи ҳатмии чопкардаи худро ба Китобхонаи миллӣ супоранд. Аммо мутаассифона, ин на ҳамеша иҷро мешавад. Вале бо вуҷуди ин мо кӯшиш мекунем, ки пайваста бо нашриётҳо дар ҳамкорӣ бошем ва барои хонандагон адабиёти тозанашрро ба фонди Китобхона ворид намоем.
Суҳбати Фарзонаи МИРЗО
МУАРРИФИИ МО:
Тешаева Муқаддас 3-уми апрели соли 1975 дар шаҳри Кулоб ба дунё омадааст. Соли 1998 факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси китобдории китобхонаҳои илмӣ – оммавӣ хатм намудааст.
Фаъолияти кориашро шурӯъ аз соли 2000 дар мактаби № 6 –и шаҳри Кӯлоб ба ҳайси китобдор оғоз намуда, соли 2007 дар Китобхонаи ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба кор оғоз кардааст. Аз соли 2008 то 2016 дар шуъбаи матбуоти даврӣ муовини сардор ва аз соли 2016 то инҷониб сардори Шуъбаи такмили адабиёти Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст.