“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар намоиши китоб
Нашр шуд 2018-01-29 14:09
Ҳудуди чиҳил китоб рафҳои намоиши китоб бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро оро доданд. Ин намоиш охири ҳафтаи гузашта бо ибтикори Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллӣ ифтитоҳ шуд.
Хонандагон имкон доранд дар ин намоиши китоб бо асарҳо чун Д. Ш. Сангинов “Туризм в республике Таждикистан”, М. Шарифбадалов “Пенджикент – город туризма”, Т.К. Сергеева “Экономический туризм”, М. Горбылева “Экономика туризма”, М.В. Соколова “История туризма” Бгатов А.П. “Безопасность в туризме”, “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон”, “Донишномаи фарҳанги тоҷик” (қ.1), Н. Нурҷонов “Олами беканори рақси тоҷик “, “История таджикского кастюма” (том 1) ва ғайра шинос шаванд.
Аксари ин китобҳо аз ибтидои соли 2000 то ҳамин шабу рӯз дар Душанбе, Маскав, Минск чоп шудаанд ва арзиши волои илмӣ доранд.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд.
Фарзонаи МИРЗО
Суратгир: Хусрави Милод