Бибиҷони рафтаи бачаҳо: ёде аз шоираи ширинкалом Гулчеҳра Сулаймонӣ
Ду мисраъ аз як шеъри дилнишини Гулчеҳра Сулаймониро шояд бисёриҳо то кунун медонанд:
Бибиҷонам меояд,
Дилу ҷонам меояд.
Ва чун аз аз ин олам рахти сафар баст, баъзе нашрияҳо навиштанд: Бибиҷон дигар намеояд.
Оре, Гулчеҳра Суламонӣ дигар миёни мо ҳузури физикӣ надорад. Вале ашъори мондагораш боз садсолаҳо насли наврасро тарбия мекунанд, ба камол мерасонанд.
Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон омада:
ГУЛЧЕҲРА СУЛАЙМОНӢ 1 январи соли 1928 дар Бухоро, дар оилаи шоири машҳури тоҷик Пайрав Сулаймонӣ, ба ҷаҳон омадааст. Соли 1947 факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Бухороро хатм кардааст.
Соли 1948 Душанбе омада, муаллими Омӯзишгоҳи омӯзгории Душанбе, ходими адабии рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», моҳномаи «Машъал», мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон», мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ», мудири шуъбаи нашриёти «Маориф», муовини сармуҳаррири моҳномаи «Занони Тоҷикистон» будааст.
Шеърҳояш аз соли 1946 чоп шудаанд. Асосан барои бачаҳо эҷод карда, дар қатори беҳтарин адибони кӯдакони тоҷику шӯравӣ ҷой гирифтааст. Муаллифи маҷмӯаҳои «Имрӯз ид» (1957), «Ду бех олу» (1962), «Наргис» (1966), «Чархофалак» (1971), «Чил кокул» (1972), «Себи хубонӣ» (1974), «Тори марҷон» (1976), «Илҳом» (1977), «Тирукамон» (1979), «Вақте ки лолаҳо мешукуфанд» (1982), «Сичароғ» (1988), «Куртаи чакан» (1989) ва ғайра мебошад.
Чанд китоби шеърҳояш дар нашрияҳои бонуфузи Маскав ба русӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Гулчини ашъораш ба забонҳои ӯзбекӣ, туркманӣ, украинӣ, белорусӣ, молдовӣ ва чехӣ ҳам ба чоп расидаанд.
Ашъори бисёр адибони маъруфи бачагони халқҳои бародар, монанди Ҷ. Ҷабаев, С. Маршак, А. Барто, В. Инбер, С. Михалков, Қ. Муҳаммадӣ, С. Капутикян, Зулфия, М. Малтсева ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Дар матбуот мақола, очерк ва ҳикояҳои хурди лирикиаш пайваста чоп шудаанд.
Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 1977), Шоири халқии Тоҷикистон (соли 1988) будааст.
Бо ордени «Дӯстии халқҳо» (соли 1986) ва Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Аз соли 1957 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
5 апрели соли 2003 дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.
Аз Гулчеҳра Сулаймонӣ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳоро метавонед суроғ кунед:
Сулаймонова, Г. Рангинкамон: Шеърҳо ва достонҳо / Муҳаррир Б. Фирўз. – Душанбе: Маориф, 1979. – 40 с.
Сулаймонова, Г. Айёми гули лола: Маҷмуаи шеърҳо барои синни хурди мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1982. – 144 с.
Сулаймонова, Г. Таронаҳои офтобӣ: Маҷмуаи ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 56 с.
Сулаймонова, Г. Сичароғ: Шеърҳо. – Душанбе: Адиб, 1988. – 320 с.
Сулаймонова, Г. Меҳргоҳи дили ман: Дар бораи оилаи Пайрав Сулаймонӣ ва модари ў // Занони Тоҷикистон. – 1989. – №3. – С. 12-14.
Сулаймонова, Г. Дидори вопасин; Узр: Ба ёди Пайрав Сулаймонӣ // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 19 апрел.
Сулаймонова, Г. Асад; Ман худ аҷаб писарам; Гаҳворафур; Ҷонаки мо; Хўса: Шеърҳо // Машъал. – 1993. – №5. – С. 10-11.
Сулаймонӣ, Г. Чил кокули бозингар: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2001. – 23 март.
Сулаймонова, Г. Модар: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2001. – 9 март.
Сулаймонова, Г. Бибиҷони ягонаи кўдакони Тоҷикистон: ё худ Индира Гандии Бухороӣ // Оила. – 2001. – 21 сентябр.
Сулаймонӣ, Г. Бибиҷонам; Нигор; Куҷо шудаст Дурдона?: Шеърҳои бачагона // Истиқбол. – 2016. – №10-12. – С. 88.
Тарҷумаҳо:
Зулфия. Баҳодурони саҳро: Шеър ба бародарони тоҷикам / Аз ўзбекӣ тарҷумаи Г.Сулаймонӣ // Занони Тоҷикистон. – 1984. – №8. – С. 15.
Барто, А. Диламро месупорам; Гадоча; Эрка; Зинаи резинӣ: Шеърҳо / Тарҷумаи Г.Сулаймонӣ // Газетаи муаллимон. – 1987. – 5 сентябр.
Барто, А. Шодӣ; Имтиҳони дода: Шеърҳо / Тарҷумаи Гулчеҳра Сулаймонӣ // Машъал. – 1987. – №6. – С. 17.
Дар бора Гулчеҳра Сулаймонӣ:
Мусулмонқулов, Р. Вассофи бачаҳои хушбахт: Аз эҷодиёти Г. Сулаймонова // Ҳақиқати Қурғонтеппа. – 1981. – 11 июл.
Амонов, Р. Достони лолаи тар: Мухтасар дар бораи эҷодиёти Гулчеҳра Сулаймонова // Машъал. – 1988. – №1. – С. 6.
Акбаров, Ю. Пайрави падар: Дар бораи фаъолияти эҷодии шоира Г. Сулаймонова // Тоҷикистони советӣ. – 1988. – 29 январ.
Атоуллоева, З. Унвони баланд муборак: Гулчеҳра Сулаймонова ба номи Шоираи Халқии Тоҷикистон сазовор шуд // Газетаи муаллимон. – 1988. – 26 июл.
Гулчеҳра Сулаймонова: Мухтасари ҳаёту эҷодиёти шоира // Фирўза. – 1994. – №3-4. – С. 14.
Файзуллоев, Н. Эҷодиёти Гулчеҳра аз нигоҳи муҳаққиқон: Ба муносибати 85-солагии Шоири Халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймонӣ // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 10 январ.
Латофат. Лола ва гул: Ба ифтихори 80-солагии шоираи Халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймонова // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 31 январ.
Таҳияи Аниса Набиева
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ