Бобоҷон Ғафуров ворису посдори мероси фарҳанги миллӣ
(Бахшида ба Рӯзи гиромидошти хотираи Бобоҷон Ғафуров – арбоби давлатӣ, академик, Қаҳрамони Тоҷикистон)
Устод М. Турсунзода дар бораи мақоми санъат гуфта буд, ки «Санъат боғро мемонад ва барои шукуфону пурбор гаштани он боғбони заҳматкаши ғамхор лозим аст». Чунин боғбони ғамхор барои санъаткорон аллома Бобоҷон Ғафуров буд. Хизмати Бобоҷон Ғафуров дар омӯхтан ва тарғиби санъати тоҷик хеле бузург аст. Устод мақоми бузурги санъатро дар ҳаёти маънавии мардум қайд карда, онро яке аз омилҳои кори тарбиявӣ ҳисобидааст.
Махсусан, Бобоҷон Ғафуров чун мухлиси «Шашмақом» барои омӯзиши таърихи санъати халқи тоҷик, тараққӣ ва такомулоти он дар давраҳои гуногун, пайдоиши оҳангу навоҳои халқӣ ва хусусияти миллии онҳо, аҳамияти тарбиявию ахлоқии мусиқӣ диққати калон додааст. Устод борҳо аз маҷлису форумҳои аҳли санъат такрор мекард, ки ниёгонамон маҳсули гаронбаҳои мусиқиро ба монанди «Шашмақом» мерос гузоштааст ва мо онро бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ба гуфти Б. Ғафуров «Шашмақом» дар худ дастовардҳои беҳтарин хираду шеъру мусиқии халқро таҷассум намудааст ва ҷоиз аст, ки онро қомуси халқ номем.
Хизмати устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар омода ва чопи панҷ ҷилди «Шашмақом» дар нота, ки солҳои 1949-1960 дар Москва нашр гардид, хеле калон аст.
Маҳз бо ҳидояти онҳо се нафар донандагони «Шашмақом» – Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳҳобов ба навиштан ва гирдоварии мероси беҳамтои мусиқӣ оғоз намуданд.
Ҳофизи бомаҳорат ва соҳибистеъдод Акашариф Ҷӯраев, ки баробари мусиқии халқӣ дар сурудҳои худ оҳангҳои классикиро мувофиқи сабки эҷодиаш моҳирона истифода мебурд, ба дили Б. Ғафуров роҳ ёфта буд. Махсусан, суруди «Анор овардам»-и А.Ҷӯраев, ки таърихи аҷибе дошту, маъруфтарин сурудҳои халқии кӯҳистонист, дӯст медошт.
Сюитаи вокалию хареографии «Чорзарб», ки онро ҳунарманди соҳибистеъдод дар асоси навоҳои «Шашмақом» ва оҳангҳои халқии кӯҳистонӣ тартиб дода буд, дар иҷрои ӯ бо ҳамовозии гурӯҳи ҳофизон ва раққосон бори аввал соли 1949 дар рӯзҳои “Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва” ба аҳсану қарсҳои доманадори мухлисон соҳиб шуд.
Ҳоло ҳам ин сюита дар репертуари бисёр ҳофизони халқӣ касбии ҷумҳурӣ ҷои намоёнро ишғол мекунад.
Давраи роҳбарии Бобоҷон Ғафуров дар солҳои 40-ум – 50-ум марҳилаи якуми болоравии санъати тоҷик метавон номид. Он вақт толори опера ва балети ба номи С.Айнӣ рӯзҳои консерту нахустнамоишҳо пур аз одам буд.
Худшиносии халқ пеш аз ҳама ба болоравиии маърифати аҳли адаб ва фарҳанг алоқаманд аст. Санъат ва адабиёти асил дар ҳамаи давру замон пайвандгари узвҳои ҷудогонаи ҷамъият буданд. Бобоҷон Ғафуров хоҳони инкишофи ҳама намуди санъат буд. Ҷомеаро бе ҳунармандони асил тасаввур карда наметавонист.
Устод ба санъаткорони тоҷик Тӯҳфа Фозилова, Муҳаммадҷон Қосимов самимияти беандоза дошт. Ҳунарнамоии ҳунармандони дорои истеъдоди баланди нотакрор дар саҳнаи театрии тоҷик аз ин гувоҳӣ медод. Онҳо на як бору ду бор аз саҳнаи баланди театри МХАТ – и ш. Москва нақшҳо офарида, дили тамошобинонро тасхир намудаанд.
Он мувафаққиятҳое, ки дар соҳаи санъати мусиқӣ дар давраи Бобоҷон Ғафуров ба даст омада буд мебинем, ки давраи хосе дар таърихи фарҳангии мо мебошад. Беш аз пеш омӯзишу тарғиби сурудҳои халқӣ ва махсусан «Шашмақом» бо ташаббуси аллома ҳанӯз солҳои 70-ум вусъат мёфт. Раиси омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар ЮНЕСКО академик Б. Ғафуров дар бисёр ҷаласаҳо, ки симпозиуми байналхалқӣ, умумииттифоқӣ ва байни ҷумҳуриявии мусиқӣ оиди омӯзиши ин шоҳасари мусиқӣ масъалагузорӣ намуда буд. Борҳо дар шаҳри Самарқанд симпозиумҳои байналхалқии оид ба омӯзиш ва тарғиби «Шашмақом» баргузор гардид.
Мақсад аз гузаронидани чунин симпозиумҳои мусиқии Шарқ аз он ҷиҳат аҳамият дорад, ки дар асарҳои худ Бобоҷон Ғафуров тасдиқ кардааст, ки дар маданияти мусиқии бисёр халқҳои Шарқ жанрҳое вомехӯранд, ки ба «Шашмақом»-и тоҷикӣ равобити зич доранд.
Бобоҷон Ғафуров бо як муҳаббати самимӣ шефтаи мусиқии классикӣ ва халқӣ будва ӯ хуб медонист, ки ҳар як суруд,оҳанг, қитъаи мусиқӣ зери таъсири воқеаҳои таърихӣ – рӯзу моҳу солҳои он ба вуҷуд меояд ва ҳам чунин таърихро инъикос менамоянд.
Дар бойгонии Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ин се китоб маҳфузанд, ки муфассал дар бораи хизматҳои Аллома Бобоҷон Ғафуров ва дигар шахсиятҳои сиёсӣ дар рушди фарҳангу тамаддуни миллӣ сухан рафтааст:
1. Ҳайдаршо Пирумшоев: Бобоҷон Ғафуров ва рушди таърихнигории миллӣ, – Душанбе: Ирфон, 2009, 294 саҳ.
2. Усмонҷон Ғаффоров: Алломаи замон . – Хуҷанд: Вароруд ,1998, 373 саҳ.
3.Усмонҷон Ғаффоров: Равшангари таърих. – Душанбе: Ирфон, 1990, 230 саҳ.
Хонандагони арҷманд метавонанд барои мутолиаи ин китобҳо ба Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ, воқеъ дар ошёнаи чорум муроҷиат намоянд.
Таҳияи Нигина Маҳмудова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар