24-уми декабри соли равон Артисти Халқии СССР, устоди беназири санъати мусиқӣ Ҷӯрабек Муродов ба синни 75-солагӣ қадам мениҳад.
Ҷӯрабек Муродов аз ҷумлаи ҳунармандонес, ки бештар аз ним аср саҳнаи ҳунари кишварро гарм нигоҳ медорад. Аз муваффақтарин сарояндагони нимаи дуюми асри ХХ ва аввали асри ҳозир буда, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ҳамсоя маъруфияти хос дорад.
Сароянда, ромишгар ва оҳангсози номии тоҷик, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷӯрабек Муродов 24-уми декабри соли 1942 дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1962 Институти давлатии педагогии Ленинободро ба итмом расонида, аз соли 1963 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба фаъолияти ҳунарӣ пардохтааст.
Дар тӯли фаъолияти бештар аз 50 соли эҷодӣ, 450 оҳанг офаридааст, ки мавриди таваҷҷӯҳ ва истиқболи гарми ҳамагон гардидаанд.
Ҷӯрабек Муродов бар замми истеъдоди фавқуллода, бисёр омӯхтаву машаққатҳо кашида, ба туфайли офаридаҳои беназиру дилпазири худ дар сафи бузургтарин устодони фарҳанги мусиқии тоҷик қарор гирифтааст.
Ӯ соҳиби мактаби шуҳратёри эҷодӣ ва сабку усули нотакрори ҳунарӣ буда, шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст.
Дар тамоми кишварҳои шӯравӣ ва чандин мамолики мутамаддини хориҷӣ ҳунарнамоӣ ва санъати волои тоҷикиро тарғибу ташвиқ намуда, сазовори олитарин унвону мукофоти ватаниву байналхалқӣ гардидааст.
Устод Ҷӯрабек Муродов асосгузор ва роҳбари бадеии Ансамбли шашмақомхонии «Нури Хуҷанд» буда, дар авҷи камолоти офаридгорӣ барои тарбияи мутахассисони насли ҷавон қарор дошта, ки чунин иқдом барои пешрафти фарҳангу ҳунари кишвари соҳибистиқлоламон хизмати шоиста маҳсуб мегардад.
Ҷӯрабек Муродов ҳунарманди нотакрори давлату миллати тоҷик аст. Ҳунарманди асру асрҳост! Чунин ҳунарманди асилро дар ягон асру фасл фаромӯш кардан имкон надорад. Ҳунармандест, ки сатҳи овозхонии байналхалқӣ дорад. Овози фораму ҳунари волои ӯ дили ҳамаи тоҷикону форсизабононро тасхир кардааст. Дар кишварҳои ҳамсоя бахусус Эрону Афғонистон Ӯзбекистон шӯҳрати тамом дорад.
Қобили зикр аст, ки на ҳар ҳунарманд мисли Ҷӯрабек Муродов дар тӯли ин қадар солҳо дар саҳнаи тоҷику олам таҳаммулкарона хизмат мекунаду фарҳангу ҳунари мардуми тоҷикро ба оламиён мешносанд.
Дар ин рӯзҳо, ки 75-умин солгарди мавлудашон фаро мерасад, ба ҳофизи азизу аниси мардумамон, пеш аз ҳам сарбаландиву сиҳатмандӣ, бурду барори эҷодӣ ва саодати рӯзгор орэу мекунем.,
Бузургон дар бораи Ҷӯрабек Муродов:
Мирзо Турсунзода:
Ҷӯрабеки азиз, ту ба шеърҳои ман ҷони дуввум ато кардӣ, дар оҳангҳои ту аз маҳорати сурудхонии шеърҳоям билкул ба тарзи дигар садо медиҳанд.
Чингиз Айтматов:
Додарам Ҷӯрабек! Ҳар роҳе, ки аз он як роҳ қадам занӣ, тиллохез гардад!
Сотим Улуғзода:
Офаринат Ҷӯрабек! Дар санъати овозхони муосири тоҷик ҳамто надорӣ.
Манфред Лорентс:
Мо, олмониён, ҳам ҳофизи машҳури тоҷик Ҷӯрабекро дӯст медорем.
Боқӣ Раҳимзода:
Ҷӯрабек занбӯри асалест, ки аз се гулбун шира мекашад: мақомҳои классикӣ, навоҳои халқӣ ва офаридаҳои худаш.
Лоиқ Шералӣ:
Беҳтарин афзалияти таронасароии Ҷӯрабек Муродов ҳамин аст, ки вай сурудҳои халқро мехонду, халқ сурудҳои Ҷӯрабекро. Пайваста мекӯшад, ки сурудҳои мурдаи моро, навоҳои аз байн рафтаи моро боз ба соҳибони аслиашон баргардонад.
Иқтибосҳо аз китоби “Вассофи диёри бостонӣ”, ки соли 2012 ба муносибати 70-солагии ҳунарманди маъруф чоп шуда буд.
Таҳияи Нигина Маҳмудова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар