Ба зодрӯзи шоири маъруф Қутбӣ Киром 85 сол пур шуд
Агар Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром зинда мебуд, имрӯз ба синни мубораки 85 медаромад. Шоири маҳбуб 24 сол пеш, тирамоҳи соли 1993, вақте дар кишвар ҷанги дохилӣ идома дошт ва Тоҷикистон мушкилтарин рӯзҳои хуро пушти сар мегузошт, тарки олам кард.
Қутбӣ Киром аз ҷумла шоирони шинохтаи нимаи дуюми қарни бистум буд, ки аз худ шеъру достонҳои зиёд, қиссаҳо, пйесаҳо ба ёдгор гузоштаву номи худро дар дафтари таърихи тамаддуни миллат абадан сабт кардааст. Дар муаррифиномаи Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон дар бораи ӯ мехонем:
ҚУТБӢ КИРОМ 18 декабри соли 1932 дар деҳаи Урметани ноҳияи Заҳматобод (ҳозира Айнӣ) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1953 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, муддате дар мактабҳои ноҳия омӯзгор ва дар рӯзномаи ноҳиявии «Роҳи коммунизм» ходими адабӣ будааст. Баъдан дар вазифаҳои мудири шуъбаи моҳномаи «Шарқи Сурх», муҳаррири барномаҳои адабии Кумитаи давлатии садо ва симои Тоҷикистон буда, Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав)-ро ба поён расондааст.
Муҳаррири калон ва мудири шуъбаи муассисаҳои нашаротии «Ирфон»-у «Адиб» будааст. Шеъри аввалинаш соли 1957 дар журнали «Шарқи Сурх» чоп шуда, маҷмӯаи нахустини ашъораш «Парвози меҳр» соли 1963 интишор ёфтааст. Ашъори дигари дар солҳои гуногун офаридаи ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Бӯйи нон» (1966), «Илҳом» (1968), «Рези кӯҳсор» (1970), «Остони баланд» (1972), «Хоки пайвандӣ» (1974), «Камон» (1974), «Чашми дил» (1976), «Пули Сангин» (1980), «Ҷонфизо» (1980), «Сари баланд» (1982), «Ҷоми нур» (1983), «Дили бародар» (1986), «Субҳи содиқ» (1989), «Нишот» (1992), «Ёр меояд!», «Аз гулу хоку шуълаи оташ», «Оташи меҳр» ва «Минбари виҷдон» (2012) фароҳам омадаанд.
Ҳамчунин, муаллифи достонҳои «Камон», «Антон», «Достони Лола», «Достони хоб», «Қуллаҳои ноаён», «Аввалин дидор», «Нафаси ошиқӣ», «Ҳарфи аввал», «Посбони мақбара», «Дафтари Порис» мебошад.
Дар ашъораш хисоили ҳамидаи сарбаландию ҷавонмардӣ, инсондӯстию ватанпарварӣ ва бардошти таҷрибаи рӯзгорро самимӣ ба тасвир овардааст. Дилбохтагони шоир ӯро ҳамчун марде маҳфилоро ва шоире хушқариҳа мешиносанду дар ёдҳояшон зинда медоранд. Муаллифи қиссаи «Қатли Туғрал» (1984), драмаҳои «Тори муҳаббат» ва «Тири маломат», филмномаҳои «Бӯйи нон», «Чор тан дар пайроҳа», «Антон» ва ғайра мебошад.
Ашъори ба русӣ баргардоншудааш дар маҷмӯаҳои «Напевы вершин» (1976), «Горный кряж» (1979), Мост времени» (1983) ва «Закон любвы» (1985) ба чоп расидаанд. Иддае аз навиштаҳои ӯ ба дигар забонҳо ҳам тарҷума ва чоп шудаанд. Худи ӯ китоби ашъори В. Шекспир, А.Блок, А.Мискевич, М.Лермонтов, Н.Некрасов, Л.Украинка, Ф.А.Файз, М.Карим, С.Вурғун, Зулфия, В.Костров ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Шоири халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Аз соли 1963 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
26 октябри соли 1993 аз олам даргузашт.
Аз Қубӣи Киром дар Китобхонаи миллӣ ин матолиб қобили дарёфт аст:
Парвози меҳр. – Душанбе, 1963. – 107 с.
Рези кўҳсор. – Душанбе: Ирфон, 1970. – 163 с.
Остони баланд. – Душанбе: Ирфон, 1972. – 174 с.
Хоки пайвандӣ. – Душанбе: Ирфон, 1974. – 80 с.
Камон. – Душанбе: Ирфон, 1974. – 14 с.
Чашми дил: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1976. – 192 с.
Ҷонфидо / К. Қутбӣ. – Душанбе: Ирфон, 1978. – 208 с.
Сангпул: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1980. – 160 с.
Зиндагӣ дар назм: Очеркҳо, Мақолаҳои публитсистӣ. – Душанбе: Адиб, 1988. – 200 с.
Субҳи содиқ: Шеърҳо ва достонҳо. – Душанбе: Адиб, 1989. – 256 с.
Дили бародар: Маҷмуаи шеърҳо. – 1989. – 222 с.
Нафаси озод: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Адиб, 1992. – 336 с.
Нома аз роҳи дур / К. Қутбӣ. – Хуҷанд, 2002. – 107 с.
Аҳмад дар лагер: Шеър // Пионер. – 1957. – №8. – С. 24.
Дар водии Зарафшон: Шеър // Шарқи Сурх. – 1957. – №8. – С. 80.
Хонаи мурод: Шеър // Занони Тоҷикистон. – 1958. – №2. – С. 7.
Боди баҳор: Шеър // Занони Тоҷикистон. – 1958. – №2. – С. 7.
Шеъри рўз: Шеър // Фараҷ. – 2015. – 15 июл.
То ту будӣ: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 8 март.
Файзи саҳар; Падар; Дар боғчаи бачагон; Пораи инсоф; Ҳаё; Баҳор; Рози дил; Гап дар байни худ; Дар лаби дарёи Варзоб: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 21 май.
Дар борам шоири маъруф
Бобоева, М. Ҷои ў дар дил: Ба муносибати 70 – солагии Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром // Адабиёт ва санъат. – 2002. – 12 июл.
Мирзо, К. Ҳамнишину ҳамроз будем: Аз хотироти адиб Киром Қутбӣ // адабиёт ва санъат. – 2003. – 6 ноябр.
Гулназар. Қутбии қутбӣ сухан: Ба ифтихор75 – солагии зодрўзи Киром Қутби // Адабиёт ва санъат. – 2007. – 27 декабр.
Сўфӣ, К. Дар тўй ман ғубори роҳ кам нест, бингаред…: Дар бораи Шоири халқии Тоҷикистон шодравон Қутбӣ Киром // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 11 декабр.
Шарифов, Х. Сайри дилҳо дорӣ…: Ёде аз Киром Қутбӣ // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 28 феврал.
Маъруфӣ, Қ. Этиқод дар бораи яке аз шигирдони устод Мирзо Турсунзода, Қутбӣ Киром // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 4 август.
Акбарзода, Ю. Ў зодаи ҳақиқати тўфонии худаш буд…: Ба ифтихори 80-умин солгарди зодрўзи шоири халқи Тоҷикистон Киром Қутбӣ // Адабиёт ва санъат. – 2012. – 20 декабр.
Файзалӣ, М. Қутбӣ Киром: Шеър бахшида ба шоири халқии Тоҷикистон // Ҷумҳурият. – 2012. – 27 декабр.
Нурзод, Н. Зиндагӣ бе шеър кори мушкил аст…: Ба истиқболи 80-солагии шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2012. – 25 октябр.
Асрорӣ, М. Агар ман қад фарозам, по ба доман мекашам чун кўҳ: Маълумот оиди фаъолияти эҷодии шоир Қутбӣ Киром // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 3 январ.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ