Каримов Хуршед Ҳилолвич дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт. Аз маъруфтарин олимони соҳаи рустанипарварӣ дар кишвар буд. Шахсе, ки таълими мактабҳои Шӯравиро гузаштаву дар соҳаи кишоварзӣ кашфиётҳои беназир кардааст. Китобҳои ӯ ҳоло ҳам мавриди омӯзиш дар донишгоҳҳоянд. Як силсила аз пажуҳишҳои вай ба хоҷагии халқ миллионҳо даромади соф овардаанд.
Хуршед Каримов - доктори илми биология 10 декабри соли 1935 дар Душанбе дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст.
Университети давлатии Москваро соли 1958 хатм кардааст. Таҳсилро дар аспирантураи ҳамин боргоҳи илм давом дод. Аз соли 1961 дар Пажўҳишгоҳи физиология ва биофизикаи рустаниҳои АИ Тоҷикистон заҳмат кашида, зинаҳои ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири лабараторияи ғизодиҳӣ ва мубодилаи моддаҳоро паймудааст.
Солҳои 1966-1985 ҷонишини директор ва 1985-2000 директори Пажўҳишгоҳи номбурда Президенти АИ Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2009 то охири умр узви раёсати АИ Тоҷикистон буд.
Аз пажўҳишгарони камназири тоҷик дар соҳаи физиология ва биохимияи рустаниҳо эътироф мешавад нисбати омўзиши асосҳои физиологии рустанипарварии интенсивӣ корҳои муфиди илмӣ фаровон ба сомон расондааст. Ба масоили экологии физиологияи рустаниҳо, механизмҳои биохимиявии идоракунии равандҳои рушду инкишоф ва коркарди асосҳои назариявии рустанипарварӣ дар фасли зимистон, бахусус дар шароити Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намудааст.
Ду равия ё масоили ҳамоҳангу якдигарро фарогиранда-таҳқиқоти бунёдӣ ва илмӣ-амалиро дар якҷоягӣ мавриди баррасӣ қарор додаст. Ҳамзамон бо роҳбарии бевоситаи ин олими намоён масъалаҳои муҳими физиологию биохимиявӣ ва агробиологии зироатҳои сабзавотӣ дар шароити гармхонаҳои пардапўш баррасӣ шуда, таҳқиқот дар истеҳсолот корбаст гардидааст.
Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», Граммотаи фахрии президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Сино мебошад.
12 январи соли 2014 дар Душанбе вафот кардааст.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи советии тоҷик”. – 1981. – Ҷ. 3. – С. 248.
Аз Хуршед Каримов дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳо мавҷуданд:
Применение радиоактивных изотопов в сочетании с хроматографическим методом в изучении белкового и углеводного обменов у растений. – Сталинобод, 1959.
О летнем покое растений полусаванн (на примере ячменя луковичного). – Москва. – 1962.
О зимней вегетации и летнем покое растений Таджикистана. – Душанбе. – 1964.
Опыт вырашивания рассады капусты и ранних овощей в пленочных теплицах Таджикистана. – Душанбе. – 1972.(соавтор)
Продуктивность посевовсельскохозяйственных культур при круглогодичном использовании орошаемых земель Таджикистана. – Душанбе, 1978.
Микроклимат и физиологические особенности овошных культур в условиях пленочных укрытий. – Душанбе, 1979.(соавтор)
Вырашивание огурцов в пленочных теплицах в условиях Таджикистана. – Душанбе, 1980.
Продуктивность томатов в условиях пленочной теплицы. – Душанбе, 1982.
Запас фитомассы растительных сообществ Западного Памира - Алая. – Душанбе, 1996.
Физиология и биохимия зимневегетирующих кормов куьтур. – Душанбе, 2003.
Сосотояние проблнмы и переспективы развития биологических наук в Таджикистане. – Душанбе, 2008.
Физиология и биохимия эфемероидов Западного Памира. – Алая. –Душанбе, 2011.
Хуршед Ҳилолович Каримов // Материалы к биобиблиографии ученых Таджикистана. – Душанбе, 1995.
Тањияи Бибикубрия Қурбонова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ