Аз авали моҳи ҷорӣ то 20-уми сентябр 3 ҳазору 721 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд. Ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1160 нафар зиёд аст.

Аксари касоне, ки ки нав узвияти Китобхонаи миллиро ба даст оварданд, донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар ва хонандагони макотиби миёна мебошанд.

Дар ҳамин ҳол оморҳо баёнгари онанд, ки теъдоди хонандагони дар ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ афзудааст. Кормандони толори хониш то зарфи 20 рӯзи моҳи сентябр ба 7 ҳазору 192 нафар хонандагон хизмат расондаанд.

Дар ин муддат бо дархости хонадагони толори ёдшуда 11 ҳазору 232 нусха китоб дода шудааст. 

Маврид ба ёдоварист, ки бо оғози соли нави таҳсил шумораи хонандагони тозааъзо ба Китобхонаи миллӣ афзуд. Ҳар рӯз даҳҳо нафар меоянд ва худро номнавис ва соҳиби корти узвият мешаванд.

Барчаспҳо: