Шинохти тоҷикии Франсиск Скорина

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Абдусалом Мирализода бо ширкат дар ҳамоиши байналмилалии “500-солагии чопи китоб дар Белоруссия”, ки рӯзҳои 14-15-уми сентябр дар шаҳри Минс баргузор шуд ширкат кард ва дар бораи Франсиск Скорина суханронии пурмуҳтавое дошт.

Кист Франсиск Скорина?

Абдусалом Мирализода Франсиск Скоринаро аз зумраи касоне донист, ки  кашшофу ҷӯяндаанд, инсонҳое, ки номусу шарафи давру замони худанд ва наслҳо бо номашон ифтихор мекунанд. Дар Аврупои давраи эҳё Франсиск Скорина нақши калидӣ дар рушди илму маърифат ва адабиёту ҳунар гузошт. Вай маорифпарвари белорус буд, аввалин шахсе маҳсуб мешавад, ки чопи китобро асос гузошт. Таваллудаш ба соли 1490 мусодиф аст ва соли 1990-ро ЮНЕСКО соли Скорина эълон карда буд.

Скорина эҳтиёҷи молиявӣ надошт, чун дар хонаи тоҷир ба дунё омадаву калон шуда буд. Падараш тибит ва пӯст савдо мекард ва баъди маргаш кори тиҷорати хонаводагӣ бар дӯши писари калонии ӯ Иван гузашт.  Франсискк ба роҳи илму маърифат рафт, дар Итолиё соли 1512 баъди супурдани имтиҳонот дар Донишгоҳи Падуан соҳиби унвони илмии доктори илмҳои тиб мешавад.

Соли 1517 дар Прага аввалин китоби Скорина, нахустин китоби чопӣ бо забони белорусии қадим ва аввалин китоби русӣ чоп мешавад. Дар “Толори чиҳил”-и донишгоҳи Падуан қатори чиҳил бузургтарин хатмкунандагони ин боргоҳи маърифат номи Франсиск Скорина низ ҳаст

Бо пуштибонии молии ҳомиёни белорусӣ дар шаҳри Прагаи Чех аввалин чопхонаро асос мегузорад.  Аз 6-уми августи соли 1517  аввал китоби муқаддаси “Забур” ва баъдан ҳар моҳ як китоби Инҷил чоп мешуд.  Зарфи ду сол вай 23 китоби дорои мусаввадаҳоро интишор дод. Гуфта мешавад, ки дар оғози чопи китоб ин суръати чоп беҳтиарин дониста мешуд.

Ба андешаи Абдусалом Мирализода Инҷиле, ки Скорина дар тарҷумаи забони куҳнаи белорусӣ чоп кард, дар зоти худ нодир ба ҳисоб мерафт. Гузашта аз ин вай китобҳоро бо мусаввадаҳои ҷолиб чоп мекард ва ин хондани китобро осону шавқовар мекард.

Профессор Мирализода бар ин назар аст, ки миёни Франсиск Скорина ва Николай Коперник умумиятҳои зиёде ҳастанд. Тақрибан дар ҳамон як замон онҳо на танҳо дар Лаҳистон, балки дар Итолиё ҳам таҳсил карданд. Ҳарду илми тиб омӯхтанд ва эҳтимол дорад мулоқот ҳам карда бошанд.  Вале ҳарфи асосӣ дигар аст. Франсиск Скорина ва Николай Коперник асосгузорони давраи наванд, ҳарду зодагони ҳамон як муҳити диниву таърихианд.

Соли 1521 Скорина ба ватанаш баргашт ва дар Вилна аввалин  чопхонаи славянишимолиро асос гузошт.  Соле баъд вай “Китоби хурди роҳ”-ро чоп кард, ки Забурро бо матнҳои  ибодатҳои калисо, ҳамчунин тақвими астрономии калисо якҷо  карда буд.

Баъдан профессор Мирализода дар бораи фаъолиятҳои баъдии Скорина сухан ронда мегӯяд, ки  муддати даҳ сол Скорина ду вазифа – котиб ва духтурро дар назди усқуфи Вилен – писари ғайриникоҳии шоҳ иҷро кард. Баъдан муддате кори чопро як сӯ мегузорад ва бо бародараш саргарми тиҷорат мешавад. Ҳамзамон бо ин бисёр сафар мекунад. Дар Виттенберг бо асосгузори протестантизми олмонӣ Мартин Лютер вомехӯрад. Ин замоне буд, ки Лютер Инҷили протестантизмро ба забони олмонӣ тарҷума мекард. Гузашта аз ин вай доктори илоҳиёт буд ва Скорина ба масъалаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, фалсафӣ ва этикӣ дар қаринаи  таълимоти инҷил таваҷҷуҳ кард. Вале онҳо натавонистанд ба ҳам наздик шаванд, чун Лютер дар симои Скорина мубаллиғи калисои католикиро дид.

Тақрибан ҳамон замоне,ки Франсискк Скорина бо Мартин Лютер вохӯрд, бо миссияи маорифпарварӣ ба Маскав низ рафт. Профессор Мирализода бар ин назар аст, ки эҳтимол меравад вай чун мубаллиғ, ношир ва тарҷумон  китобҳои худро пешниҳод кард ва ҳатто шояд дар мавриди чопи китоб дар Маскав низ гап кушод. Вале бо фармони князи Маскав аз шаҳр ронданд ва китобҳояшро чун китобҳои бидъатомез ошкоро ва дар пеши назари омма сӯзонданд, чун ин китобҳо дар мамолики католикӣ чоп шуда буданд, на дар кишвари православӣ. 

Фаъолиятҳои ноширӣ ва маорифпарварӣ ба Франсискк Скорина сарват намеорад, баръакс сармояҳои худро дар ин пурра сарф мекунад. Дар ин миён пуштупаноҳаш – усқуфи Вилен вафот мекунад ва Франсискк ба Прага меравад. Дар дарбори шоҳ Фердинанди якум, ки баъдтар императори Рум мешавад, ба боғбонӣ машғул мегардад.  Аммо чӣ умумияте миёни боғбониву ношириву табибӣ. Гап сари он ки Франсискк Скорина табиатшинос ҳам буд ва он замон илми тибро бо ботаника ҳамроҳ меомӯхтанд.  Баъзе сарчашмаҳо мегӯянд, ки Франсискк дар Прага ба парвариши рустаниҳои ситрусӣ ҳам  машғул гардид.

Баъди 13 сол Фердинанд санадеро  имзо кард, ки дар он хабар дода мешуд: “доктор Франтишек (Франсискк) Рус Скорина аз Полотск, ки замоне боғбони мо буд, хориҷӣ буд, вай ба хоби абад рафт ва аз худ писаре бономи Семеон Рус ва ба миқдори муайян амвол, коғазҳо ва пул ба мерос гузошт”. Шоҳ фармон дод, ки ҳама хизматчиён ба писари олим барои гирифтани  мерос кӯмак кунанд. Симеон низ баъдан бо роҳи падар рафт, ҳам духтур буд ва ҳам боғбон.

Ин як нақли кутоҳе буд, ки профессор Абдусалом Мирализода дар ҷараёни ширкаташ дар ҳамоиши байналмилалии “500-солагии чопи китоб дар Белоруссия” иброз дошт. Дар бораи ин нобиғаи белорус суханҳои гуфтанӣ хеле зиёданд, бахусус дар мавриди он ки чӣ гуна вай тавонист чопи китобро дар дастгоҳҳои чопӣ ба роҳ монад.

Абдусалом Мирализода, ҳамчунин дар кори Ҷаласаи бистуми Шарикии ғайритиҷоратии “Анҷумани китобхонавии АвруОсиё”, ки рӯзи 14-уми сентябр дар шаҳри Минск доир гардид, ширкат ва дар баррасии масоили мвриди баҳс баромад намуд. 

Ҷаласаи бистуми Шарикии ғайритиҷоратии “Анҷумани китобхонавии АвруОсиё” ҳисоботи директори генералии “Анҷумани китобхонавии АвруОсиё”  аз соли 2014 то 2017-ро шунид, ҳадди узвияти кишварҳи узв дар анҷуманро мушаххас кард, Директори генералӣ барои солҳои 2018-2021-ро интихоб намуд, таҳрири нави  кодекси китобхонавии моделиро баррасӣ кард, дар бораи  лоиҳаи “Китобхонаи электронии “Анҷумани китобхонавии АвруОсиё” изҳори назар намуд.

Ҳамчунин ба ширкаткунандагон нишонаҳои хотиравии 25-солагии “Анҷумани китобхонавии АвруОсиё”-ро тақдим кард. Дар нишаст ширкаткунандагон макон ва замони баргузории Ҷаласаи умумии бистуякумро низ мушаххас карданд.

Барчаспҳо: