“Тибби Тоҷикистони соҳибистиқлол”

Чунин ном дорад феҳристи тавсиявии адабиёти солҳои 1996 – 2000, ки Ҷӯрабой Раҷабов таҳияи кардааст. Ин китоб ахиран бо замбонҳои тоҷкӣ ва русӣ ба табъ расид.

Дастури мазкур барои дарёфти адабиёти дилхоҳ ба донишомӯзони соҳаи тандурустӣ  мусоидат менамояд.

Имрўз кормандони соҳаи тиб, алалхусус донишомӯзону унвонҷӯён ва устодон ба чунин дастуре ниёз доранд, то донанда, ки дар мавзуъҳои мавриди назарашон аз куҷо кадом адабиётро ҷӯёнд, аз кадом нашрия мақола хонанд. 

Дастури мазкур беш аз 500 номгўи адабиёти соҳаи тибби Тоҷикистони соҳибистиқлоли муталлиқ ба солҳои 1996 – 2000 ба забонҳои тоҷикию русӣ ва ўзбекӣ интишоршударо дар гирифтааст. Ва он аз бобҳои “Масъалаҳои умумӣ”, “Таърихи тиб”, “Гигиенаи иҷтимоӣ ва ташкили нигаҳдории тандурустӣ”, “Гигиена ва санитария”, “Эпидемология”, “Соҳаҳои тиббу биология”, “Тибби клиникӣ”.

Барои таҳияи ин дастур махзани китобии Китобхонаи ҷумҳуриявии илмӣ – тиббии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва маводи  солҳои 1996-2000 дар саҳифаҳои феҳристҳои библиографии «Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Солномаи матбуоти РСС Тоҷикистон»-и Хонаи китоби Тоҷикистон (собиқ Палатаи китобҳои Тоҷикистон) инъикосгардида истифода шуданд.

Дар дастур адабиёт (китобу мақолаҳои маҷаллаву рўзномаҳо ва авторефератҳо) интихобан ба тариқи солшуморӣ ва дар дохил бо тартиби алифбоӣ ҷойгир карда шудааст ва он тибқи низоми нави тасвир сурат гирифтааст.

Хонандагон адабиёти дар дастур пешниҳодшударо аз махзани китобии Китобхонаи ҷумҳуриявии илмӣ - тиббии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи данишгоҳи давлатии тиббии кишвар пайдо карда метавонанд.

Миҷгона Муродова,
Самутахассиси
Маркази такмили ихтисос

Барчаспҳо: