Китоб ва китобхонӣ омили асосии такмили маҳорати касбӣ

Чунин ном дошт мизи мудавваре, ки баъди зуҳри имрӯз, 6-уми сентябр бо ташаббуси Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи Давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии тамили ихтсос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф” ба ифтихори 26-умин солагарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон   баргузор гардид.

Дар сухани ифтитоҳии худ муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов  дар бораи истиқлолият ва  заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ ҳарф зад. Вай ҳачунин гуфт, ки як рукни муҳим барои пойдории кишвар ба камол расонидани насли донишманду зикист ва дар ин кор бояд китобхонаҳо саҳим бошанд. Гадобек Маҳмудов афзуд, ки рушди инноватсионӣ, пешрафтҳои қобили мулоҳизаи техникӣ нақши китобро боз ҳам боло бурд.  

Тавассути созмондиҳӣ ва баргузории силсила чорабиниҳои муҳими тахассусӣ, аз қабили конфронсу семинарҳо, вохўриву мизҳои мудаввар, сўҳбату ҳамоишҳои илмӣ, намоишҳои китоб ва таҳияву интишори дастурҳои методиву библиографӣ насли имрўзаро ба нерўи созандагӣ, ифтихор аз фарҳанги волову тарғиб ба омӯзиш ҳидоят бояд намуд.  Танҳо насле пирӯзу музаффар аст, ки китоб мехонад.

Китобхонаҳо вазифадоранд, ки баҳри бедор кардани ҳисси худшиносию меҳанпарастӣ, ташаккули созандаву ахлоқи ҳамида,бештар усулу равишҳои наву самарабахши корҳои таблиғиро дар байни ҷавонон ба роҳ монанд.

Дар мизи мудаввар Шосафар Акобиров - муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ-методии Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф», Мирзобадал Бадалов – сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Раҳмонқул Шарифзода - мудири кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи МДДҶТИБКСМ, Абдулло Орифов - дотсенти кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи МДДҶТИБКСМ, дотсент Меҳриддин Гиёсиев – мудири кафедраи психология, педагогика ва методикаи таълими МДДҶТИБКСМ, Шодӣ Раҷбзод – муҳаррири ҳафтаномаи «Омўзгор»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидалӣ Муҳиддинов -доктори илмӣ таърих, профессор декани факутаи таърих донишгоҳи славянии Руссия-Тоҷикистон Шариф Комилзода - номзади илмҳои педагогӣ, дотсент директори Пажуҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотии Вазорати фарҳанг,  Қурбон Бўриев - номзади илмҳои таърих, дотсент директори хонаи китооб ширкат ва суханронӣ карданд.

Барчаспҳо: