Анҷумани ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон
Нашр шуд 2017-08-29 14:50
Намояндагони бештар сад созмонҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон субҳи имрӯз дар як Анҷуман гирди ҳам омаданд ва масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷавононро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Имрўз, 29-уми агуст дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Анҷумани VIII-уми ҷумҳуриявии ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон бахшида ба «Соли ҷавонон» баргузор гашт. Чорабинии мазкурро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягҷоягӣ бо Иттиҳодияҳои созмонҳои ҷавонони Тоҷикистон доир намуд.
Дар кори конфронс раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Абдуллозода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон А.Мирализода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Миралиён, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Оолии ҶТ, раиси Шўрои ИТҶТ, Лучиано Калестини – намояндаи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар роҳбарони ташкилотҳои ҷаъмиятии кор бо ҷавонон ширкат ва суханрони намуданд.
Анҷуман бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияҳои созмонҳои ҷавонони Тоҷикистон ва шарикони иҷтимоӣ, Хазинаи кўдакон ва нуфузи СММ буданд.
Дар Анҷуман намояндагони 100 ташкилотҳои ҷаъмиятии кор бо ҷавонон, ки дар самти кор бо ҷавонон фаъолият доранд, ширкат варзида, вобаста ба самтҳои татбиқи дурусту самараноки сиёсати давлатии ҷавонон маърўзаҳо намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ ин мусоидат барои иштироки ҷавонон – роҳбарони ташкилотҳои ҷавонон ва кор бо ҷавонон дар раванди қабули қарорҳои ба рушди устувори ҷамъият ва давлат нигаронида шуда мебошад.
Таҳияи муроҷиатнома бо иштироки фаъол ва саҳми пешсафони ҷавон ва ташкилотҳои ҷавонон бо мақсади тақвияти иштироки ҷавонон дар қабули қарорҳо бо дарназардошти:
- зарурати таҳсилоти духтарон;
- ташаккул додани заминаметодӣ ва амалии рушди фаъолияти волонтерӣ дар Тоҷикистон;
- коркарди механизмҳои рушдёбии устувори ташкилотҳои ҷавонон ба роҳ монда шуд.