Аз аввали солҳои 70-и асри гузашта ҳар касе бо ихтисоси журналист факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ)-ро хатм кард, ҳатман, ки сабқҳои устод Абдусаттор Нуралиевро ёд дорад. Муддати ин бештар аз 50 сол устод гоҳ омӯзгори журналистон будаву гоҳ сарвари кафедра ва гоҳи дигар декани факултет. Аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруф ва пажуҳишгарони борикназаранд.
Абдусаттор Нуралиев 22 августи соли 1941 дар ноҳияи Кушрабоди вилояти Самарқанди Ўзбекистон таваллуд ёфтааст. Факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Қазоқистонро хатм намуда, соли 1968-ум ба Шӯъбаи журналистикаи факултети филологии тоҷикии ДДМТ ба кор омад.
Фаъолияти омӯзгорӣ ва илмиву эҷодиаш дар факултети филология ва факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (баъдан ба ҷои шўъба ташкил ёфт) ҷараён ёфтааст.
Аз соли 1993 то ба соли 1996 декани факултети журналистика, солҳои 1996 - 2001 мудири кафедраи журналистика ва адабиёти хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз сентябри соли 2003 профессори кафедраи журналистикаи Донишгоҳи Россияву Тоҷикистон аст.
Самти пажўҳиши Нуралиев масъалаҳои равобити адабии тоҷику қазоқ ва журналистика мебошад. Ба қалами ӯ зиёда аз 200 мақолаву рисолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ тааллуқ доранд. Мақолаи «Журналистикаи миллатҳои шӯравӣ» дар китоби «Советская многонациональная журналистика» доир ба журналистика ва матбуоти тоҷик ҷой дода шудааст.
Инчунин рисолаҳову монографияҳои «Жанрҳои ахбории матбуот» (соли 1988), «Журналистикаи советии тоҷик» (соли 1989 ҳаммуаллиф), «Адабиёти халқҳои Осиёи Марказӣ» (соли 1994), «Абай ва адабиёти тоҷик» (соли 1995),«Жанрҳои ахбории матбуот” (соли 2007), «Таджикско-казахские литературные связи» (соли 2011), «Информационные жанры печати» (соли 2005), «Асосҳои ҳуқуқии журналистика» (соли 2005), «Таърихи журналистикаи кишварҳои хориҷӣ» (соли 2003), «История зарубежной журналистики» (соли 2014), аз нигоштаҳои ӯянд.
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1998), аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2000) аст.
Аз соли 2014 намояндаи Иттиҳоди нависандагони халқҳои ҷаҳон дар Тоҷикистон аст.
Дар таҳияи ин мавод
навиштаҳо дар шабакаҳои
интернет истифода шуданд
Аз навиштаҳо ва дар бораи устод Нуралиев дар Китобхонаи миллӣ китобҳо ва мақолаҳои зеринро метавонед пайдо ва мутолиа намоед:
Нуралиев, А. Жанрҳои ахбории матбуот. – Душанбе: Ирфон, 1988. – 64 с.
Нуралиев, А. Прововые основы журналистики. – Душанбе: Деваштич, 2005. – 240 с.
Нуралиев, А. Казахско – таджикские литературные в заимосвязи. – Душанбе: Шуҷоиён, 2011. – 475 с.
Нуралиев, А., Сайфуллоев, А. Хоҷа Ҳофиз дар Қазоқистон // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 23 июл.
Нуралиев, А. Лоҳутӣ ва Қазоқистон: Мақола бахшида ба 100 солагии зодрўзаш // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 22 октябр.
Нуралиев, А. Тарҷумонӣ ҳунар аст: Ба ифтихори 80 солагии адиби тарҷумон Ҳабиб Аҳрорӣ // Садои мардум. – 1993. – 31 октябр.
Нуралиев, А. Буд дили ў манзили шеъру суруд: Ба муносибати 125 солагии осақоли адабиёти қирғиз Тохтагул Сатилганов // Ҷавонони Точикистон. – 1989. – 12 ноябр.
Нуралиев, А., Шарифзода, Қ. Муаммоҳои тайёр намудани кадрҳои журналистӣ: Аз ҳошияи суханронии президенти мамлакат дар вохўрӣ бо зиёиён // Садои мардум. – 2001. – 20 сентябр.
Дар бораи Абдусаттор Нуралиев
Назаров, А. Педагог, наставник, ученый: О докторе филологических наук А.Нуралиеве // Таджикистан. – 1998. – 20 ноября.
Нуралиев Абдусаттор // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 2004. – Ҷ.3. – С. 517.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ