“Дил, руҳ ва инсон”-и донишманди маъруф Саидҷон Нодирӣ аз чоп баромад

Нашриёти «Донишварон» таҳти унвони «Дил, рўҳ ва инсон» рисолаи нави илмӣ-публитсистии Саидҷон Нодириро аз чоп баровард.
Рисолаи мазкур натиҷаи заҳмати чандинсолаи пизишки маъруфи рўҳшиносу равоншифо, номзади илмҳои тиб, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷон Нодирӣ мебошад, ки тавассути гипноз, сўзанзанӣ, гиёҳдармонӣ ва усули мануалӣ бо табобати беморон солҳои тўлонӣ машғул аст.
Баъзе аз маводи ин рисола қаблан дар рўзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон, Русия ва Эрон интишор гардида, аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаи тиб бо хушнудӣ ва қадрдонӣ пазируфта шудааст.

Дар бахши аввал навиштаҳои дигарон дар бораи Саидҷон Нодирӣ ҷо гирифтааст. Дар бораи ин табиби ҳозиқ афроди саршиносе чун Гулназар Келдӣ (шеър) Ҷумъабой Сангинов, профессор Юсуф Нуралиев, Мирзо Шукурзода., Сангин Гулзод,  Зафар Сайидзода,  Олег Соболев ва дигарон ибрози андеша намудаанд.

Дар бахши дуюм суолоти беморону корафтодагон  ба табиб ва посухҳои ӯ интишор ёфтаанд.

Дар бахши дигар суҳбатҳои пизишки маъруф дар нашрияҳои чопи кишвар ва хориҷ аз он ва дар бахши охир корҳои илмии олим, ки  дар шабакаҳи ҷаҳонии Интернет ҷо гирифтаанд, номбар шудаанд. 

Саидҷон Нодирӣ аз ҷумлаи олимонест, ки бештар талош кардааст рӯ ба тибби ибни Сино орад ва дар суҳбате мегӯяд: “Мавзуъи рисолаи илмиам усули табобати Сино аст ва асри 10-ро ба асри 20 муқоиса карда, илман беҳтар будани усули табобати ин  донишманди нотакрорро бо роҳбарии устодам, доктори илми тиб, профессор Юсуф Нуралиев исбот кардаем”.

Муқарризони рисолаи мазкур Зафар Сайидзода-Мушовири калони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар умури хориҷӣ, доктори илмҳои таърих ва Юсуф Нуралиев, доктори илми тиб, профессор, узви Академияи тиббии Ҷумҳурии исломии Эрон мебошанд.

Ин рисолаи сесаду панҷоҳу ду саҳифагӣ  барои доираи васеи хонандагон ва алалхусус барои донишҷўён ва кормандони соҳаи тиб, муфид хоҳад буд.

Барчаспҳо: