Оғози дарси омӯзишии рассомӣ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-07-11 16:33
Китобхонаи миллӣ барои хоҳишмандон дарси пулакии рассомӣ ташкил кард.
Дар радифи омӯзиши забонҳо Китобхонаи миллӣ барномаи дигари омӯзиширо роҳандозӣ намуд. Акнун хоҳишмандон метавонанд дар ин боргоҳи маърифат давраи омӯзишии рассомиро ҳам пушти сар кунанд.
Дарси рассомӣ аз ҷониби мураббиёни ботаҷрибаи соҳа гузаронида мешавад.
Маврид ба ёдоварист, ки дар Китобхонаи миллӣ дарсҳои омӯзиши забонҳои инглисӣ, русӣ, чинӣ, куриёӣ, олмонӣ, арабӣ амал мекунад ва то кунун чандин гуруҳ бо хатми давраҳои омӯзишӣ соҳиби шаҳодатномаҳо гаштаанд.
Дарси рассомӣ барномаи навест, ки тоза шуруъ шудааст.
Хоҳишмандон метавонанд барои маълумоти бештар аз тариқи телефонҳои 221-01-75 ё 221 -04-10 дар тамос шаванд.