Маҳзани маърифат ва хонаи умеди хонандагон
Нашр шуд 2017-07-01 17:19
Аз моҳи марти соли 2012 то ба имрӯз теъдоди хонандагони Шуъбаи хизматрасонии махсус аз 1200 нафар ва ба беш аз 9 ҳазор нафар расидааст.
Аз моҳ ба моҳи дигар сафи хонандагон дар ҳамаи шуъбаҳо ва толорҳои хониш рӯ ба афзоиш меорад ва ин далели он аст, ки афроди дилгарм ба мутолиаи китоб беш аз ҳар вақти дигар ба шароитҳои мусоиди Китобхонаи миллӣ одат мекунанд.
Боиси қайд аст, ки дар ҳамин коҳи бузурги ҳикмат шуъбаи хизматрасони махсус аз моҳи апрели соли 2012 фаъолияти худро оғоз намудааст, ки сафи хонандагони доимии он то ин давра аз 1200 нафар ва ба беш аз 9 ҳазор нафар расидааст.
Фонди шуъба наздик ба 5 ҳазор иборат буда, аз он 3075 нусха ба забони тоҷикӣ, 810 нусха ба забони русӣ, 613 нусха китобҳои махсус бо алифбои Брайлӣ, 70 адад дискҳои гуё мебошад.
Бештари хонанандагони ин шуъбаро донишҷӯёни мактабҳои олӣ, хонандагони литсей-интернатҳои касбии махсуси маъюбони шаҳр, мактаб-интернати нобиноёни ноҳияи Ҳисор, ҷамъияти маъюбони шаҳр, бошандагони маркази минтақавии хизматрасонӣ ба маъюбон ва нафақахӯрони хонашин мебошанд.
Ҳайати кормандони шуъба, ки 9 нафар мутахассисиони соҳибтаҷриба ташкил медиҳад, раванди хизматрасонӣ барои хонандагон бо шароитҳои хуб аз қабили хизматрасонӣ бо воситаи аудио ва видеодискҳо, сабтҳои гӯё, интернет ва бурдани китобҳои дархостӣ ба хонаи маъюбон ва пиронсолон ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Шуъбаи мазкур бо тамоми тащкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, садамаи Чернобил, Ҷамъияти маъюбони «Имконият» ва Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дорад.
Хонандагони ин шуъба баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва ҷаҳонбинӣ худ ба Китобхона ташриф оварда, ҳамеша дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ ва ғайра иштирок менамоянд. Истифодаи технологияи нави иттилоотӣ дар таҷрибаи шуъбаи хизматрасонӣ махсус баҳри вусъат бахшидан ба барномаҳои нави хизматрасонии китобдорӣ мусоидат намуда, барои истифодабарандагон шароитҳои бароҳати мутоилотӣ муҳайё сохт. Маҳз кормандони шуъбаи мазкур бо ҳамкории дигар шуъбаҳо аввалин шуда мисли занбўри асал ангубин – мавод ҷамъ оварда, пешкаши гурўҳи васеъи хонандагон мегардонанд. Коргарони ин шуъба ҳамчун шўълапошоне ҳастанд, ки шахсони ба ин даргоҳи маърифат воридшударо пурнур менамоянд.
Ҷойи таъкид аст, ки дар кулли ҷаҳон маъюбон дар зери ҳимояи давлат мебошанд. Ҳар як давлат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои ин гурўҳ ҷомеа шароитҳои хуб муҳайё намояд. То, ки онҳо худро нороҳат ҳис накунанд. Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо хислати наҷибу меҳру муҳҳабати зиёд ба маъбон таваҷҷуҳи бениҳоят зиёд менамояд. Маҳз бо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Наврўзи соли 2012 дарҳои худро барои хонандагон боз намуд. Китобхонаи миллии Тоҷикистон ганҷинаи ҳикматҳои бузург аст, ки ҳар кас бо умед аз дари он ворид шавад, ба орзуҳои ширину дерини худ муваффақ мегардад. Кас меҳоҳад, ки зарофату нафосати сухани ин ганҷина бо таҳаммул, бо ҳаловат истифода намояд. Ҳар гоҳе, ки шахс ба ин даргоҳи илму маърифат ворид мегардад, гўё ба дунёи зебою рангин ва сеҳрангези он дохил мешавад, ба он ҷойе, ки зиндагии мо аз он рушди бештар менамояд, ҳамеша азми ҷустуҷў ва мутоила меравем.
Ин қаср дар як ҷойи бисёр зебою барҳаво ва мусаффои шаҳр сохта шуда, ҳар касро тез ба сеҳру афсуни худ мекашад. Он дар маркази шаҳр, дар бари маӣдони Озодӣ, паҳлўи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Боғи устод Рўдакӣ, Хонаи Радио, рў ба рўи Қасри Миллат ва муқаддасоти миллӣ, дар миёни бузургтарин муассисаҳои илмию фарҳангӣ, сиёсию иҷтимоӣ, боғҳои фароғатӣ ва муассисаҳои таълимӣ ҳамчун коҳи бузурги ҳикмат, мўътабартарин қасри маърифат қомат афрўхтааст.
Маҳз ҳамин Китобхонаи миллӣ ҳаст, ки дар дили мо муҳаббату садоқат афзуда, чароғи тафаккурамонро равшан гардонида, бароямон шоистатарин сифатҳо эҳдо менамояд, ки ба халқу миллати худ, ба ҳамаи мардуми дунё некхоҳу гиромиқадр бошем.
Валиев Ҷамил,
шуъбаи нигаҳдори китоб