Ширкати намояндаи Китобхонаи миллӣ дар намоиши китоби Перм
Нашр шуд 2017-09-20 18:51
Мавзуна Орумбекова, сардори шуъбаи хизматрасонии махсус, ки ахаиран баъди ширкат дар як намоиши байналмилалии китоб таҳти унвони «Намоиши бузурги китоб» аз шаҳри Перми Федератсияи Русия баргашт, мегӯяд имкон дошт дар доираи ҳамин сафар ва барномаҳои он бо китобхонаҳои ин шаҳр ва мавзеъҳои таърихии он, аз ҷумла Осорхонаи меъморӣ ва этнографии «Хохловка», осорхонаи қадимаи Перм аз наздик шинос шавад.
Мавзуна Орумбеков ҳамчунин гуфт, ки чорабиние, ки дар он ширкат кард, бузургтарини намоши китоб дар минтақа буд. Ҳадафи ташкилкунандагонаш ҷалби таваҷҷўҳи ҷомеа ба адабиёт ва хониш дар забони русӣ, таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ, тиҷоратӣ ва илмии Федератсияи Русия ва давлатҳои хориҷӣ, мусоидат ба тасаввуроти мақсадноки ҷаҳон дар соҳаи иҷтимоӣ-сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, илмӣ-таълимӣ ва фарҳангӣ дар ҷомеаи Русия, васеъ намудани доираи муҳити шаҳрвандони фаъоли кишварҳои хориҷие, ки ба Федератсияи Русия созгоранд ва ҷалби онҳо дар таҳкими шарикии байни Федератсияи Русия ва давлатҳое, ки онҳо намояндагӣ мекунанд, иборат буд.
Дар ин намоиш директорони нашриётҳо, сармуҳаррирони маҷаллаву рўзномаҳо, директорони китобхонаҳо ва дигар ташкилотҳо, иттифоқҳои эҷодӣ, осорхонаҳои минтақаи Урал ва Волга, инчунин намояндагон аз китобхонаҳои давлатҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Абхазия, Молдова, Белоруссия, Украина ва Озорбойҷон низ иштирок доштанд.
Дар ин намоиш Игор Тюленов, шоири саршиноси рус, узви Иттифоқи нависандагони Русия (соли 1989), Котиби Шўрои Иттифоқи нависандагони Русия (соли 2004) ҳузур дошт. Мавсуф муаллифи 17 маҷмўаи ашъор аст ва шеърҳояш дар маҷаллаҳои адабӣ, алманахҳо, маҷмуъаҳои Санкт-Петербург ва Омск, Калуга, Воронеж, Екатеринбург, Самара, Қазоқистон, Карелия, Олтой, Бошқирдистон, Тотористон, Удмурт, Ёқутистон, Ставропол ва ғайра чоп шудаанд.
Мавзуна Орумбекова ҳамчунин дар муаррифии китобҳои нодири китобхонаи илмии шаҳри Перм, муаррифии китоби мақолаҳои сиёҳ аз ҷониби Аркадий Гайдар бо номи «Субҳ дар рӯзнома» иштирок кард ва мегӯяд мақолаҳои таблиғотӣ ва эссеҳо аз ҷониби Аркадий Гайдар дар маҷмўъ зиёда аз 120 номгўйро дар бар мегирад, ки онҳо дар рўзномаҳои "Ситора" ва "Ситораи Шаб" чоп шудаанд.
Сардори шуъбаи хизматрасонии махсус ҳамчунин гуфт, ки аз ин сафар «хеле баҳра бардоштам ва гуфта метавонам, ки аз намоиши калони китоб, ки дар шахри Перм баргузор гардид, як ҷаҳон маънӣ бардоштам. Китобхонаҳои шаҳри Перм бо технологияи муосири иттилоотӣ таъмин карда шудаанд ва онҳо тавассути китобхонаҳои рақамӣ ва феҳристи электронӣ ва дигар ба мардум хизмати китобдорӣ мерасонанд. Китобхонаҳо аз китобу матбуоти даврӣ ва дигар маводӣ чопӣ низ кор мебаранд ва фонди китобии бой доранд. Барои харидории китобҳои тозанашр ва бунёди шабакаҳои иттилоотӣ аз ҷониби Ҳукумат (ҳам ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ) маблағҳои зиёде пешбинӣ мешаванд. Ва тавассути ҷоринамоии технологияи иттилоотии муосир кори китобхонаҳо рушд ёфтаасту истифодабарандагон низ аз кори китобдорон қаноатманд мебошанд”.
Аз ҷониби намояндаи Тоҷикистон китобҳои “История Таджикского народа”, Эмомали Раҳмонов “Таджики в зеркале истории”, “Санъати суннатии гулдўзӣ”, Иброгим Умарзод “История цевилизаций Арийцев”, “Дипломатия Таджикстана вчера и сегоня”, ки ба таърих ва тамаддуни халқу миллати тоҷик бахшида шудаанд, аз ҷониби Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба китобхонаи шаҳри Перми Федератсияи Русия тақдим карда шуд.