Дар Китобхонаи миллӣ аз Раҳим Ҷалил чӣ метавон хонд?
Нашр шуд 2017-06-07 09:37
Аз ҷумлаи маъруфтарин адибони садаи бисти тоҷик буд. Насрнависи муваффақи замонаш буд, повесту романҳояш аз маъруфияти вижа бархӯрдор буданд. Бо забони соддаву диди реалистӣ менавишт. Худро аз шогирдони устод Айнӣ медонист.
Раҳим Ҷалил 3- июни 1909 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби куҳна гирифта муддате дар мадраса хондааст. Пас дар мактаби нав таҳсил карда, соли 1927 синфи ҳафтум ва баъд курсҳои кўтоҳмуддати муаллимтаёркуниро хатм намуд. Дар мактабҳои шаҳри Хуҷанд ба тадрис машғул шуд. Аз соли 1931 зиёда аз 20 сол чун рӯзноманигор дар идораи рўзномаҳои «Пролетари Хуҷанд», «Ҳақиқати Ленинобод», «Тоҷикистони Сурх» ва маҷаллаи «Шарқи Сурх» (ҳоло «Садои Шарқ») кор кардааст. Аз соли 1950 то соли 1979 котиби масъули шўъбаи хуҷандии ИН Тоҷикистон буд.
Фаъолияти эҷодии Раҳим Чалил аз аввали солҳои 30 ибтидо гирифтааст. Аввал бо тахаллуси “Даҳрӣ” шеър менавишт. Шеъри нахустинаш бо номи «Кор мебоист кард» соли 1931 ба табъ расид. Соли 1933 маҷмуъаи ашъорашро бо номи «Мавҷҳои музаффарият» интишор дод.
Дар ин солҳо Раҳим Чалил дар баробари шеър ба навиштани порчаҳои насрӣ низ машғул мешуд. Ҳикояҳои аввалини ў дар мавзўъҳои гуногуни зиндагӣ дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп мешуданд. Хусусан мавзўи кор, меҳри касб ва зиндагии косибон диққати ўро ҷалб менамуд.
Раҳим Чалил чун яке аз поягузорони насри реалистии тоҷик эътироф шудааст. Ҳарчанд ў кори эҷодиро аз шеър сар карда, ҳамчун шоир эътироф ҳам шудааст, вале аз солҳои 30 майли Раҳим Чалил ба наср бештар зоҳир шуд. Аввалин ҳикояаш «Комбинат» (соли 1931) ном дошт, ки он маҳсули робитаи нависанда бо сохтмони абрешими Хуҷанд мебошад.
Аз соли 1935 узви Иттифоқи Нависандагон буд.
Бо ордени Ленин, се ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», ордени «Нишони Фахрӣ», Дўстии Халқҳо ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Нависандаи халқи Тоҷикистон (соли 1979) буд.
10- уми октябри 1989 аз олам даргузашт.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Раҳим Ҷалил ва дар бораи ӯ метавонед хонед:
Осори адиб
Ҷалил, Р. Орзу: Маҷмўаи ҳикояҳо. – Сталинобод: Нашриёти Давлатии Тоҷикистон, 1936. – 67с.
Ҷалил, Р. Ҳисса аз қисса: Ҳикояҳои ҳаҷвӣ. – Сталинобод: Нашриёти Давлатии Тоҷик, 1941. – 80 с.
Ҷалил, Р. Ҳикояҳои замони ҷанг. – Сталинобод: Нашриёти Давлатии назди СКХ. РСС. Тоҷикистон, 1944. – 91 с.
Ҷалил, Р. Духтари мармарин: Маҷмўа / Муҳарир Ҳ.Авазова. – Душанбе: Ирфон, 1975. – 139 с.
Ҷалил, Р. Баъди борон: Маҷмўаи шеърҳо . – Душанбе: Ирфон, 1978. – 96 с.
Ҷалил, Р. Орзуҳои – оча: Ҳикоя // Тоҷикистони советӣ. – 1973. – 2 сентябр.
Ҷалил,Р. Меҳри оча: Ҳикоя // Ҳақиқати советӣ Ленинобод. – 1974. – 19 ноябр.
Ҷалил, Р. Ҳиммати Ҳофиз: Ҳикоя // Тоҷикистони советӣ . – 1980. – 20 июл.
Ҷалил, Р. Гардиши фалак: Ҳикоя. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 208 с.
Ҷалил, Р. Исёни лўлиён: Ҳикоя // Тоҷикистони советӣ. – 1982. – 28 март.
Ҷалил, Р. Сартарош: Ҳикояи // Тоҷикистони советӣ. – 1985. – 25 август.
Ҷалил, Р. Чил духтарон: Ҳикоя // Ҳақиқати Ленинобод. – 1985. – 3 август.
Ҷалил, Р. Фоҷиа: Ҳикоя // Ҳақиқати Ленинобод. – 1985. – 9 август
Ҷалил, Р. Ваъламат: Ҳикоя. – 1985. – 10 август.
Дар бораи Раҳим Ҷалил
Раҳим Ҷалил: Ҳаёт ва эҷодиёт // Очеркҳои таърихи адабиёти советии тоҷик. – Душанбе, 1957. – 404 – 432 с.
Раҳимӣ, М. Ба Раҳим Ҷалил : Шеър // Ашъори мунтахаб. – Душанбе, 1980. – Ҷ.2. – 216 с.
Отахонова, Х. Раҳим Ҷалил ва эҷодиёти ў. – Душанбе. – 2015. – 615 с.
Сайфуллоев, А.Дар сўҳбати Раҳим Ҷалил // Садои Шарқ. – 1984. – №6. – 103-110 с.
Раҳматов, А. Барои устод Раҳим Ҷалил:Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1984. – 2 июн.
Таҳияи Парвина Қаюмова,
корманди шўъбаи
библиографияи миллӣ