Забоншиноси маъруф Тӯрақул Зеҳнӣ

Аз ҷумлаи маъруфтарин забоншиносони кишвар. Таълифоташ то кунун қиммати илмии худро гум накардаанд. Бахусус, асари ӯ “Санъати сухан” ҳоло ҳам барои макотиби олии кишвар чун китоби дарсӣ тадрис мешавад. Аз ҷумлаи шогирдони донишманди устод Садриддин Айнӣ буд.

Тӯрақул Зеҳнӣ соли 1892 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст.   Соли 1905 аввал дар мадрасаи Тиллокории Самарқанд, баъд соли 1918-1919 дар курси яксолаи таълим ва тарбия таҳсил кардааст.
Соли 1919-1925 муаллими забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ибтидоӣ ва муаллимтайёркунӣ, соли 1926 муҳаррири шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд, соли 1932-1936 муаллими забон ва адабиёти Техникуми педагогӣ, соли 1940-1945 муаллими забони форсӣ дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ буд. Аз соли 1956 ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон буд.                      

Фаъолияти эҷодии Зеҳнӣ ҳамчун шоир аз соли 1919-1920 оғоз ёфта, шеърҳояш дар маҷалла ва рўзномаҳои «Шўълаи инқилоб», «Дониш - биниш», «Роҳбари дониш», «Барои  адабиёти сотсиалистӣ», «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик» чоп шудаанд. Ашъори  ҳаҷвиаш бо имзоҳои мустаори «Мушфиқӣ», «Қўчқор», «Мулло» ва мақолаҳои танқидияш бо тахаллуси «Сомонӣ» ва «Рустам» дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд.                                    

Зеҳнӣ яке аз муаллифони китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ибтидоӣ ва миёна буд. Аз ҷумла: «Омўзиш» (соли 1928, ҳамроҳи В.Маҳмудӣ), «Сарфи забони тоҷикӣ» (соли 1933, ҳамроҳи Б.Хоҷизода ва Л.Бузургзода), хрестоматияи «Таронаҳои бачагон» (соли 1927). Муҳимтарин асари адабиётшиносии Зеҳнӣ, ки барои донишҷўёни  мактабҳои олӣ навишта шудааст, китоби «Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ» (соли 1963) ва нашри такмилёфтаи он «Санъати сухан» (солҳои 1970-1979) буда, ба санъатҳои маънавию лафзӣ ва вазни арўз бахшида шудааст.

Ў яке аз мураттибони  «Фарҳанги забони тоҷикӣ» мебошад. Соли 1963  аз «Баҳористон» ва «Ҳафт авранг» -и  Ҷомӣ гулчине бо номи «Гулу сумбул» ва соли 1973 ба муносибати 2500-солагии Самарқанд китоби «Суханварони сайқали рўи замин»-ро ба чоп ҳозир кардааст.
Зеҳнӣ доир ба масъалаҳои мухталифи таърихи адабиёти классикӣ ва советии тоҷик, роҷеъ ба илмҳои адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ ва забоншиносӣ зиёда аз 200 мақолаи илмӣ навиштааст.

Тӯрақул Зеҳнӣ шахсияти камназир буд. Вай барои ҷамъоварии нусхаҳои қаламӣ аз аҳолӣ заҳматҳои зиёд кашидааст. Солҳои 1966-1970 барои пуррасозии хазинаи Шуъбаи дастхатҳои Шарқи Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ ва китобхонаи Институти забон ва адабиёти АИ борҳо ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро сафар кардааст.  Аз ин сафарҳо вай бо китобҳое чун “Луғати Ҷаҳонгирӣ”, “Тоҷ-ул-масодир”, “Ҳафт авранг”-и Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ва даҳҳо дастхатҳои нодири дигар баргаштааст.  

Зеҳнӣ дар бораи Нақибхони Туғрал, устод Айни, Лоҳутӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Шоҳназар Соҳибов  хотираҳои  худро  навиштааст, ки чанде аз он соли 1984 дар китоби «Чанд сухани судманд» ба табъ расидаанд. Зеҳнӣ тарҷумонӣ ҳам кардааст ва аввалин тарҷумаи “Шинел”-и Гогол маҳсули қалами ӯст. 

Тӯрақул Зеҳнӣ шеър ҳам менавишт, вале ашъорашро дар ягон маҷмуъа гирдоварӣ накардааст.
Ў соли 1983 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Соли 2007 бо ташаббуси духтари олим Фарруха Зеҳнӣ китоби хотираҳои дӯстон дар бораи олими барӯманд бо номи “Зеҳнӣ дар дилу дидаи дӯстон” чоп шуд, ки ба 115-солагии ӯ бахшида шуда буд.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Тӯрақул Зеҳнӣ ва дар бораи ӯ метавон хонд:

                               Аз осори олим:

Зеҳнӣ Т.Н. Сарсухан: Дар бораи  Абдураҳмони Ҷомӣ // А.Ҷомӣ  Гулу сунбул. – Душанбе, 1963. –  С . 5-12.
Зеҳнӣ,Т. Дебоча: Матн доир ба арўз // Т.Зеҳнӣ  Санъат, сухан. – Душанбе, 1967. – С.3-26.
Зеҳнӣ,Т. Ёддоштҳои ман дар бораи устод: Дар бораи устод С.Айнӣ //  «Дар хотироти дўстон ва шогирдон». – Душанбе. – 1968. – С.22-28.
Зеҳнӣ Т. Як назар ба суханварони гузаштаи  Самарқанд: Сайри татаввури таърихӣ // Суханварони сайқали рўи замин. –  Душанбе,1973. – С.3-18.
Зеҳнӣ Т.Н. Санъати сухан: Илми Бадеъ ва мухтасари арўз. – Душанбе. – Ирфон, 1978. – 328 с.
Зеҳнӣ,Т. Санъати сухан. –  Душанбе: Маориф, 1992. – 304 с.
Зеҳнӣ,Т. Васфи Самарқанд: Ба муносибати 2500- солагии Самарқанд // Комсомоли Тоҷикистон. – 1970. – 7 июн.
Зеҳнӣ,Т. Хазони бемаҳал: Шеър ба ёди Маҳмудҷон Воҳидов // Маориф ва маданият. – 1977. – 22 декабр.
Зеҳнӣ, Т. Мусоҳибаи  ду ҷўра; Хитоб ба мулло; Хитоб ба мудири дўкон: Шеърҳои ҳаҷвӣ // Хорпуштак. – 1978. – №3. – С.4.
Зеҳнӣ,Т. Дўсти  қадрдон  ва ҳамкор: Ба муносибати 70- солагии адабиётшинос  Раҳим  Ҳошим // Комсомоли Тоҷикистон. – 1979. – 18 феврал.
Зеҳнӣ,Т. Мухаммас  бар қитъаи Эраҷ Мирзо // Тоҷикистони Советӣ. – 1980. – 26 октябр.
Зеҳнӣ, Т. Дар васфи Исфара: Шеър // Маориф ва маданият. – 1980. – 4 ноябр.                                                                                                                                              
Зеҳнӣ,Т. Боқӣ Раҳимзода бачагонро дўст медошт: Шеър // Пионери Тоҷикистон. – 1981. – 13 май.                                                                                                                                                 
Зеҳнӣ,Т. Таронаи баҳорӣ: Шеър ба Инқилоби Октябр // Газетаи муаллимон. – 1981. – 5 декабр.
Зеҳнӣ,Т. Ҷовид бимон ба ишқ «Туғрал...»: Аз эҷодиёти шоир  Нақибхон Туғрал (бо расми шоир) //  Адабиёт ва санъат. – 1987. – 1 октябр.
Зеҳнӣ,Т. Калимаи «Тоҷик»- дар осори гузаштагон //Адабиёт ва санъат. – 2007. – 1-8 феврал.                                                                         

                                  Дар бораи Тўрақул Зеҳнӣ:

Зеҳнӣ: Яке аз ходимони маданияти тоҷик // ЭСТ. – 1980. –  Ҷ.2. – С.488.
Зеҳнӣ Тўрақул. Чанд сухани судманд: Маҷмўаи мақолаҳо / Муҳаррир: Р.Ғаффоров,Ф.Зеҳнӣ. – Душанбе. – Ирфон,1984. – 160 с.
Фозилов,М.,Ҷалолов,О., Амонов,Р. Пирамарди ҷавондил: Бахшида 75- солагии рўзи таваллуди Т.Зеҳнӣ // Маориф ва маданият. – 1968. – 25 июн.
Ғафоров,Р. Олим ва омўзгори соҳибдил: Дар бораи Т.Зеҳнӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1968. – 10 июл.
Амонов, Р. Зиҳӣ саодат: Дар бораи Т.Зеҳнӣ // Маданияти Тоҷикистон. –1981. –  25 декабр.
Аҳмад, Р. Ёдномаи донишманди фарзона: Ёдномаи устоди забон ва адабиёт  Тўрақул  Зеҳнӣ // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 4 феврал.
                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                        

Таҳияи Саодат Қодирова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ