Нусхаҳои қаламии Абдулқодири Бедил дар Китобхонаи миллӣ

Дар Китобхонаи миллӣ аз Мирзо Абдулқодири Бедил 58 нусхаи қаламӣ маҳфуз аст, ки ҳар кадом дорои аҳамияти баланди илмианд.

Маҷмўаи нусхаҳои хаттии шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон мояи ифтихори милллати тоҷик маҳсуб меёбанд. Аз осори пурбори қаламии шоир ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мирзо Абдулқодири Бедил(1644-1721), ки пас аз гузашти қарнҳо то ба дасти мо омада расидаанд, 58 адад «Девони Бедил», даҳ адад «Чаҳор унсур», се адад «Муҳити аъзам», чаҳор адад «Ҷомеъ-ун-нукот» ва ғайра, ки дар маҷмӯъ 118 адад нусхаро дар бар мегиранд, дар ганҷинаи беназири шуъбаи мазкур ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд.

Маврид ба ёдоварист, ки нусхаҳои хаттии Абдулқодири Бедил бо хатҳои зебои настаълиқу шикастаи девонӣ ва шикастаи райҳонии бенуқта аз ҷониби хаттотони моҳиру зарринқалам дар китобҳои ҳаҷман хурду калон китобат шудаанд.

Яке аз нусхаҳои «Девони Бедил», ки  мукаммал мебошад, соли 1872 аз ҷониби  Мулло Абдурраҳмони Бухороӣ бо хатти зебои шикастаи райҳонии бенуқта дар ду сутан китобат шудааст. Мутаасифона, сафҳаи дуюми ин асар каме дарида шуда, баъзан авроқи он тармим шудааст. Атрофи чанд варақи аввали ин девони қаламӣ ҷадвали зарҳалин дорад. Навъи қоғазаш маҳаллии рангобаранги осиёимиёнагӣ буда,  муқовааш сурхи қирмизии семўҳра мебошад.

Ин асар аз 153 варақ иборат буда, дар дафтари инвенитарӣ таҳти рақами 627 қайд шудааст.

Асари мазкур 17-уми августи соли 1959 аз Маҳмудҷон Муҳаммадиеви Бухороӣ харидорӣ шудааст.

Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ,
Сардори шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир

Барчаспҳо: