Ҳамин буд хулосаи мулоқоти кормандони Шуъбаи библиографияи милии Китобхонаи миллӣ дар ду мактаби пойтахт ва аз хонандагон даъват шуд, ки лутфан ташриф оранд ва бо чашмони худ бо шароити Китобхона шинос шаванд.
Кормандони шуъбаи библиографияи милии Китобхонаи миллӣ дирӯз вориди мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 9 ва 30-пойтахт шуданд, то бо хонандагону устодони он дар мавриди китоб ва Китобхона суҳбати рӯ ба рӯ дошта бошанд.
Кормандони шуъба Манижа Раҷабова ва Парвина Қаюмова дар мактаби №9 ва Бибикубрия Қурбонова ва Ҳусния Назарова дар мактаби №30 бо хонандагону устодон суҳбат карданд.
Дар ду мактаб бо номҳои “Китоб дӯсти беҳтарин” ва “Китобхона даргоҳи илму маърифат” чорабиниҳои таблиғӣ роҳандозӣ карданд ва аз хонандагон даъват намуданд, ки “шунидан кай бувад монанди дидан”, беҳтараш ба Китобхонаи миллӣ оянд ва шароити мутолиаи китобу ошноӣ бо беҳтарин ганҷинаҳои маърифати олам дошта бошанд.
Дар мулоқот аз таърихи бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ, ки моҳе қабл панҷсолагии худро қайд кард, сухан рафт. Ба хонандагон фаҳмонда шуд, ки ин китобхона азимтарин боргоҳи маърифат дар қаламрави Осиёи Марказист ва шароите, ки дорост боз ҳам пешрафтатаринҳост. Китобхона бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуд.
Ҳамчунин нақл карданд, ки дар ин Китобхона метавон китоб хонд, китобро бо шарту шароити мавҷуд бо худ бурд, аъзои ҳамешагии он шуд, дар маҳофили гуногуни он ширкат кард, иштирокчии мизҳои гирд буд, баҳсҳо дар мавзуъҳои гуногунро пайгирӣ кард, бо адибони маъруфу шинохтатрин чеҳраҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, арбобони давлатӣ мулоқот намуд, аз онҳо суол карду посух гирифт.
Ба хонандагон ва омӯзгорон дар бораи дарсҳои омӯзишии забонҳои хориҷӣ низ суҳбат карданд. Гуфтанд, ки ин ҷо метавонанд тариқи шартнома дар давраҳои омӯзишӣ ширкат кунанд ва соҳиби шаҳодатномаҳо гарданд, дониши худро дар забономӯзӣ такмил диҳанд. Русиву чиниву инглисӣ ва куриёиву арабӣ омӯзанд ва донандагони беҳтарини ин забонҳо шаванд.
Суҳбати кормандони Китобхонаи миллӣ хуш пазируфта шуд ва дар поёни нишаст ба хонандагон варақаҳо ва китобчаҳои таблиғотӣ тақсим карданд.
Устодони ин матабҳо ваъда доданд, ки даъвати кормандони Китобхонаро мепазиранд ва хонандагонро ташвиқ хоҳанд кард ба Китобхонаи миллӣ раванд ва аъзои он шаванд.