Ширкати Зулфия Атоӣ дар маҳфили адабии «Дар суҳбати адиб»
“Ростӣ ману Зулфия дугонаҳои даврони кӯдакӣ ҳастем. Мо ҳарду дар як ҷо калон шудем. Агар ман дар бораи ин шахси наҷиб соатҳо ҳарф занам, ҳам кам аст. Зулфия як зани заҳматдидаву азобкашида аст. Зеро тамоми зиндагии ин адиб худ зиндагӣ аст. Маҳз натиҷаи ҳамаи заҳамоти пайвастааш буд, ки ӯ ба ин мартабаҳо ноил гардид”.
Баъд аз зуҳри дирӯз, 20-уми апрел дар толори Ошёни булбулон”-и китобхонаи миллӣ маҳфили адабии “дар суҳбати адиб бо ширкати шоираи ширинкалом Зулфия Атоӣ баргузор гардид.
Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова, ки маҳфилро ифтитоҳ мекард, гуфт, ки меҳмони маҳфил шоираест, ки шеъраш кайҳо марзи Тоҷикистонро убур кардаву ба кишварҳои форсизабон ва ҳамсогону дуртар аз ин маҳдудаи ҷуғрофӣ расидааст. Вай ҳамчунин гуфт, ки Зулфия Атоӣ адибест, ки дар ашъораш ишқу Ватан, Модар, табиати зебои диёр ва мардуми сарбаланди моро ситоиш кардааст.
Салима Раҷабова ба ҷойгоҳи Зулфия Атоӣ дар адабиёт ишора кард ва гуфт, ки шеъри пурмазмуни шоира кайҳост дар қалби хонандагонаш маъво гирифтаву ӯро миёни мардум маъруф кардааст. Зулфия Атоӣ, барандаи Ҷоизаи адабӣ дар Эрон, барандаи мукофоти адабӣ–фарҳангии “Товуси тилллоӣ” дар Санкт Петербург, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, дорандаи орденҳои “Шараф” ва “Дили Данко” (Русия) мебошад.
Баъдан, адиби маъруф Зулфия Атоӣ аз ҳаёт ва фаъолияташ ҳарф зад ва аз порчаҳои ашъори тозаэҷодаш, ки дар васфи Китобхонаи миллӣ, Модар ва шаҳри Душанбе навишта шуда буданд, қироат намуд.
Дар рафти маҳфил барои табрики шоира як зумра адибони дигар аз қабили шоира Шаҳрия Аҳтамзод, Ҳадиса ва дигарон ҳузур доштанд ва дар васфи шоираву маъруфияти ашъораш суханронӣ карданд.
Аз ҷумла Шаҳрия Аҳтамзод гуфт: “Ростӣ ману Зулфия дугонаҳои даврони кӯдакӣ ҳастем. Мо ҳарду дар як ҷо калон шудем. Агар ман дар бораи ин шахси наҷиб соатҳо ҳарф занам, ҳам кам аст. Зулфия як зани заҳматдидаву азобкашида аст. Зеро тамоми зиндагии ин адиб худ зиндагӣ аст. Маҳз натиҷаи ҳамаи заҳамоти пайвастааш буд, ки ӯ ба ин мартабаҳо ноил гардид”, –ёдовар шуд шоираи шинохтаи тоҷик Шаҳрия Аҳтамзод.
Дар ҷараёни маҳфил кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ҳаводорони ашъораш порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.
Дар охир мубодилаи афкор миёни иштирокдорон сурат гирифт.
МУАРРИФИИ МО
Зулфия Атоӣ (Атоуллоева Зулфия) 15 июни соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ таваллуд ёфта, маълумоти миёнаро дар мактаби зодгоҳаш гирифтааст.
Соли 1970 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, аз соли 1971 таҳсилро дар Институти адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) идома додааст.
Фаъолияти кориаш соли 1977 аз рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” оғоз шуда, то соли 1983 корманди адабии ҳамин рӯзнома будааст.
Баъдан, аз соли 1985, дар маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” (ҳозира “Фирӯза”) ба ҳайси мудири шуъба, сипас дар ҳафтаномаи “Омӯзгор” ба сифати муовини сардабир кор кардааст.
Солҳои 1990-1993 машғули фаъолияти эҷодӣ ва тарбияти фарзандон будааст.
Аз соли 1993 то соли 2015 сардабири маҷаллаи “Фирӯза” буд.
Ӯ хеле барвақт ба шеърнависӣ сар кардааст.
Дар давоми сӣ соли ахир офаридаҳояш дар маҷмӯаҳои “Ҷиҳоз” (1977), “Дидор” (1980), “Меваи сабр” (1982), “Зочаи хушрӯи ман” (1984), “Духтари дарё” (1986), “Ишқи як зан” (1992), “Ситораи ваҳшӣ” (ба ҳуруфи форсӣ, 1977), “Ситораи Муштарӣ” (1998), “Зан агар ошиқ шавад...” (2000), “Зулфи парешон” (дар ду ҷилд, 2002), “Парандаҳои баҳорӣ” (ба забони русӣ, 2004), “Сояи зулф” (2005), “Девони зулф” (2009) ба табъ расида, мақбули ҳамагон гардидаанд.
Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, украинӣ, руминӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума ва дар баёзу китобҳои дастҷамъӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун интишор ёфтаанд.
Зулфия Атоӣ дар наср низ қувва озмудааст. Қиссаи ӯ “Ғамро намефурӯшанд” ва дигар мақолоту ҳикоёташ дар қисми дувуми дуҷилдаи “Зулфи парешон”фароҳам омадаанд.
Дар маҷмӯаи “Зиндагӣ дар шеър” (2012) мақолаю мусоҳиба, тақризу андешаву навиштаҳои шахсиятҳои маъруфи адабиёт, фарҳанг, журналистикаи муосир доир ба паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти Зулфия Атоӣ ба табъ расидаанд.
Дар ҳайати гурўҳҳои эҷодӣ ба кишварҳои Русия, Эрон, ИМА, Покистон, Олмон, Туркманистон, Украина, Ҳуланд, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Гурҷистон сафар кардааст.
Барандаи Ҷоизаи адабии “Парвини Эътисомӣ” (Эрон), узви ифтихории Академияи байналхалқии фарҳанг, илм ва тиҷорати Санкт-Петербург (2011), дипломанти Озмуни байналхалқии ЮНЕСКО “Ҷабҳаҳои муосири назм”, барандаи Мукофоти адабӣ-фарҳангии “Товуси тиллоӣ” (Санкт-Петербург, 2013), Ҷоизаи Созмони ҷавонони Ҷумҳурӣ (1995), Ҷоизаи ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ (2005) мебошад.
Дорандаи орденҳои “Шараф” (1997) ва “Дили Данко” (Русия, 2011).
Узви Иттифоқи нависандагон (1979) ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1980) аст.
Нуҳошёна ин қаср,
Чун кўҳи мо баланд аст,
Ҳам кўҳи мо баланд аст,
Ҳам рўҳи мо баланд аст.
Андар хазинаи он
Ганҷи ҷаҳон биғунҷад,
Ҳам “Шоҳнома” инҷо
Ҳам “Бӯстон” биғунҷад.
Нуҳошёна ин қаср
Ганҷи саодат орад,
Бар халқи илмпарвар
Дурри асолат орад.
Ганҷи ҷаҳон китоб аст
Нури равон китоб аст,
Мисли дарахти хуррам,
Андарзу ҳикмат орад.
Инҷо китоби “Қуръон”,
Инҷо ҷилои “Қуръон”,
Инҷо китоби Сомон
Аҷаму ҳам “Авесто”,
Аз “Бостон” ”Гулистон”
Ҳам шеъри Рӯдакӣ шуд
Тӯмори худшиносон.
Сад шукри марди ҳиммат,
Сад шукри номи Раҳмон.
Зулфия Атоӣ
Фарзонаи МИРЗО
Китобхонаи миллӣ