5406 баргаи библиографияи миллӣ ба феҳристи элекронии шуъба пайваст шуд
Нашр шуд 2017-04-05 13:48
Дар се моҳи аввали соли 2017 аз қуттиҳои картотекаҳои Шуъбаи билиографияи миллӣ 6774 баргаҳо таҳрир шуданд, 71 баргаи фарсудашуда нав карда шуд.
Кормандони шуъба ба тариқи барномаи «Библиограф» 5406 баргаро ба феҳристи электронии шуъба ворид намуданд. Дар ин муддат ба қуттиҳои феҳристи мураттабии шуъба 3199 барга тибқи соҳа ворид гардид.
Тавассути 60 нусха маҷалла ва 491 нусха рўзнома доир ба мавзўъҳои гуногун мақолаҳо интихоб ва тасвири библиографӣ карда шуд.
Дар сомонаи Китобхона гӯшае бо номи “Даричаи ошноӣ” сохта шуд, ки дар он кормандони шуъба дар бораи адибону олимони варзидаи кишвар маълумотномаи мухтасар пешниҳод мекунанд ва дар поён ишора мешавад, ки дар бораи ин шахсият дар Китобхонаи миллӣ чиро метавон мутолиа кард. То ин замон дар бораи Мирзо Абдулқодири Бедил», Нўъмон Розиқ, Заҳири Форёбӣ, Алӣ Бобоҷон, Низомуддин Алишери Навоӣ, Абдулҳамид Самад, Ҷумъа Одина Урўн Кўҳзод, Ҳаким Низомии Ганҷавӣ, Муҳаммад Ғоиб, Расул Ҳодизода, Муҳибуллоҳи Қурбон, Шодон Ҳаниф маълумот ироа шуд.
Дастурҳои библиографии зерин таҳия шудаанд ва ё дар дасти чопанд:
Омодаи чоп: Ҳуринисо Ализода: Феҳристи адабиёт / Мураттибон С. Иброҳимова, Б. Қурбонова. – Душанбе, 2016. – 80 с.
Таҳия шуданд: Лоиқ Шералӣ: Осорнома / Мураттибон Н. Валиева, Х. Дўстова, Ҳ.Назарова; Муҳаррир Г. Маҳмудов. – Душанбе, 2016. – 120 с.
Абдулҳамид Самад: Феҳристи адабиёт / Мураттибон Б.Қурбонова, Б.Наботова; Муҳаррир Г.Маҳмудов. – Душанбе, 2016. – 90 с.
Китобҳои оиди Тоҷикистон ба КМ воридшуда (2012-2016): Феҳристи адабиёт / Мураттибон М.Раҷабова, М.Ғуломова; Муҳаррирон Г.Маҳмудов, С.Раҷабова. – Душанбе, 2017. – 150 с.
Сайфиддин Назарзода: Осорнома / Мураттибон Н.Валиева, Ҳ.Назарова; Муҳаррир Г.Маҳмудов. – Душанбе, 2017. – 180 с.
25 – солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Феҳристи адабиёт / Мураттибон П.Қаюмова, М.Кароматуллозода; Муҳаррир Г.Маҳмудов. – Душанбе, 2017. – 250 с.
20 – солагии Ваҳдати миллӣ: Китобнома / Мураттибон З.Ғолибов, И.Ормонов; Муҳаррир Г.Маҳмудов. – Душанбе, 2017. – 320 с.
Кормандони Шуъба бо ширкат дар давраҳои омӯзишӣ ва семинару конфронсҳо пайваста донишҳои назариявӣ ва амалии худро боло мебаранд. Дар ин семоҳа кормандони шуъба Ҳ. Назарова ва М. Раҷабова дар давраи омӯзишии таснифоти даҳгонаи универсалӣ (УДК) таҳсил намудаанд. Б.Қурбонова, М.Раҷабова ва М.Ғуломова бошанд дар давраи омӯзишии компутерӣ ширкат карданд.