Назари коршиносон аз баргузории Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе»

Имрӯзҳо Душанбешаҳр, пойтахти Тоҷикистон мизбони баргузории  чорабинии муҳими фарҳангӣ-Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе»  мебошад, ки аз 18 шӯруъ шуда ва то 20 октябри соли 2018 дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар»  идома меёбад.

Бояд гуфт Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз намоишҳои қабли фарқ дошта дар он ширкатҳои табъу нашри ватаниву хориҷӣ аз ҷумла Сафоратҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ва донишгоҳҳои олии кишвар, инчунин аксари  шоирону нависандагон маводи чопӣ ё худ маҳсули эҷодии муассисаҳои худро, ки дар соли ҷорӣ ба табъ расидааст, мавриди диди хонадагон қарор доданд.  

Дар Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон  низ  китобҳои тозанашре, ки соли 2017 ва 2018 аз ҷониби кормандони муассиса ба табъ расидаанд, ҳамзамон як зумра осорҳои гаронбаҳои хазина  ба марази диди хонандагон гузошта шуд.

Дар  ҷараёни Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» бо коршиноси соҳаи китобдорӣ ва табъу нашри кишвар суҳбате доштем, ки андешаи чанде аз онҳоро мавриди таваҷҷуҳи хонандагони сомона қарор медиҳем.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор директории Муассисаи давлатии  Китобхонаи шаҳрии ба номи устод Аблуқосим Лоҳутӣ, аз зумраи иштирокдорони намоиши мазкур буд. Зимни  суҳбат  гуфт, хушнуд аз он аст, ки сол ба сол ҷуғрофиёи ин намоишгоҳ васеътар мешавад. Мавсуф мегӯяд дар намоишгоҳи мазкур мавзӯе нест, ки дар он  китоб набошад. Яъне ба табъу завқи бинада  дилхоҳ китобро пайдо кардан мумкин аст.  Ӯ гуфт «Агар мо даъвои миллати тамаддуновару тамаддунофаррӣ дорем, пас бояд чунин базму идҳои китоб дар Тоҷикистон афзун бошад. Ҳамзамон теъдоди ноширон низ дар кишвар бояд бештар гардад  то мо тавонем дар ақсои дунё дар  чунин намоишгоҳҳою фестивалҳо  ширкат варзида, китоби тоҷикро, адиби тоҷикро муаррифӣ намоем»,- мегӯяд номбурда.  

Ба иттилоъи дастандаркорони Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» мақсад аз баргузории он, қабл аз ҳама, саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи табъу нашри кишвар, инчунин, рушди ҳамкориҳои ноширони тоҷик бо ноширони кишварҳои хориҷӣ ва ба ин васила муаррифии муассисаҳои нашриявии ватанӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Ба андешаи  масъулони намошигоҳ, чорабинии мазкур имконият фароҳам меорад то ноширони ватанию хориҷӣ маҳсули чопии худро чӣ аз ҷиҳати мазмун ва чӣ аз ҷиҳати  сифату ороиш ба бинандаи муоссир ё худ дӯсторони китоб муаррифӣ намоянд.  

Ба андешаи Шариф Комилзода олими соҳаи китобдории тоҷик, баргузории Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» дар тафовут ба  намоишиҳои қаблан  баргузоршуда аз  он аст, ки  дар ин ҷо бештар китобҳои дар Тоҷикистон бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ интишори китоб ба табъ расида мавриди назари бинанда қарор  додашудааст. Шариф Комилзода изҳор дошт, ки «хушбахтона имсол дар доираи баргузории намоишгоҳ конфронси илмӣ бо иштироки коршиносону мутахассисони  соҳаҳои таъбу нашр, китобу китобхона, роҷеъ ба мавзӯи «Ҷойгоҳи китоби анъанавӣ дар шароити рушди технология иттилоотӣ»  баргузор гардид, ки  баҳси гармеро миёни коршиносон доир ба муаяну мушахас намудани  самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи китобчопкунӣ дар шароити бавуҷудоии дигар воситаҳои нави пахши иттилоот ба миён гузошт. Дар конфронс аз ҷониби иштирокдорон тавсияҳои мушахас ҷиҳати беҳтар намудани самтҳои афзалиятнокӣ рушди китобчопкунӣ шунида шуд, ки метавонад дар рушди соҳаҳои мазкур  таҳаввулотеро ба миён оварад».

Ба гуфтаи Гадобек Маҳмудов муовини директории Китобхонаи миллии Тоҷикистон, китобҳои имрӯзаи нашрнамудаи нашриётҳои Тоҷикистон  метавонанд, аз рӯи сифат ба китобҳои кишварҳои дар ин самт пешрафта рақобат намоянд. Мавсуф мегӯяд ин намоиш аз аҳамияти хосае бархӯрдор аст, ки ноширони ватанӣ ва ноширони хориҷӣ имкон доранд аз таҷрибаи кори ҳамдигар огоҳӣ пайдо намуда, робитаи ҳамкориҳоро  қавитар гардонанд. 

Гадобек Маҳмудов изҳор дошт, ки «имрӯз соҳаи таъбу нашри кишвар ба таври рекордӣ рушд ёфт. Ба чӣ хотир? Ба он хотире, ки барои фаъолияти бахши  хусуси дар ин соҳа заминаи ҳуқуқи муҳаё гардида санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба тасвиб расида мавриди амалкард қарор гирифт. Барои чопи китоб, ки хонандаи худро ёбад, дар маддаи аввал эҳтиёҷи он ба инобат гирифташавад. Инчунин ноширони моро зарур аст, ки дар чопи китоб барои кўдакон ва наврасон ба ороиши полиграфӣ диққати махсус диханд.» Ба андешаи Гадобек Маҳмудов, имрӯз дар баробари муассисаҳои нашривии давлатӣ,  нашриётҳои зиёди хусусие фаъолият мекунанд, ки маҳсулоти чопии онҳо аз рӯи сифат хеле баланд буда, ноширони мо бо он иқтидори истеҳсолие, ки доранд метавонанд  ниёзи хонандаи имрӯзаро бароварда созанд .

Бояд гуфт, тамоми дастовардҳои инсоният тӯли қарнҳо маҳз дар хазинаи китоб ба таври эътимодбахш нигоҳ дошта мешавад. Хизматеро, ки китоб дар инъикос ва ҳифзи таърих адо мекунад, ҳеҷ як шакли чопию электронӣ ба ҷо оварда наметавонад. Аз ин лиҳоз китобҳо бояд бо сатҳу сифати хуб ба табъ бирасанд, то тавонад ба наслҳои минбаъда рӯйдҳои таърихии имрӯзи кишваро бирасонанд.

Бархе аз коришонсони соҳа аз сатҳу сифати китобҳои ба табъ расидаи  имрӯзаи нашриётҳои давлатию хусуси қаноатманданд. Вале Ситора Абдумуъминзода мутахассиси соҳаи китобдорӣ ва директории Китобхонаи илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз вазъи нашри китоб дар кишвар изҳори нигаронӣ намуда гуфт: «Ҳанӯзам сифати нашри китоб дар кишвар ташвишовар аст. Зеро таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки вақте китоби навро дастрас менамоему пешкаши хонада месозем, аллакай баъди чанд моҳ  сифати худро гум мекунад, саҳифаҳояш зуд фарсуда мегардад, ҳуруфоташ хирра ё муқоваашон ҷудо мегардад.» Ба андешаи Ситора Абдумуъминзода, мардум дар ҷараёни бозори иқтисодӣ роҳу воситаҳои осони  китоб чопкуниро  ҷустуҷӯ мекунанд, бо нархи арзон китоби худро нашр месозанд, ки сифат аз мадди назар дур мемонад.

Мавриди зикр аст, ки дар намоишгоҳи мазкур ноширони дохилу хориҷи кишвар, ба монанди Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии нашриёти «Адиб», Муассисаи давлатии нашриёти «Ирфон», Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, ноширони Русия, Ҳиндустон, Туркия, Фаронса, ИМА, Афғонистон иштирок намуда, китобҳои тозанашри худро ба намоиш гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз моҳи майи соли 2011 инҷониб ҳамасола баргузории намоишгоҳҳои китоб дар пойтахти кишвари азизамон ба ҳукми анъана даромада, он аз ҷониби мақомоти олии кишвар, кулли фарҳангиён ва аҳли ҷомеа хуш пазируфта шудааст.

Ба андешаи дастандаркорони ин Намоиш чорабинии мазкур дар таҳкиму густариши равобити фарҳангии кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо мамолики ба мо дӯсту бародар, саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи табъу нашри кишвар ҳамзамон, рушди ҳамкориҳои ноширони тоҷик бо ноширони кишварҳои хориҷӣ ва ба ин васила муаррифии муассисаҳои нашриявии ватанӣ дар арсаи ҷаҳонӣ  нақши созгор мебозад. 

Абдураҳими АБДУҚҚАҲҲОР,
мутахассиси Шуъбаи матбуоти дарвӣ

Барчаспҳо: