Нақши Конститсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ

Дар кишвари мо аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-соли таърихӣ сипарӣ мегардад ва мо шоҳиди онем, ки арзишҳои волои ин бахтномаи миллат барои таъмини мустақилияти комил, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешрафти ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи муосири мо нигаронида шудаанд.

Дар шароити муосир нақши рўзафзуни Конститутсия ҳамчун санади олиии ҳуқуқӣ дар  давлатдории ҳар як давлати соҳибихтиёр равшан муайян гардидааст. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар муддати 29-соли истиқлоли давлатӣ ин падида хос мебошад.

Бояд қайд намуд, ки қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳаввулоти бузургро дар фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар ба миён овард. Зеро, бо қабули ин санади меъёрии ҳукуқӣ марҳилаи сифатан нави рушди ҷомеа ва давлат барои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд ва доираи муносибатҳои комилан ҷадид дар он муқаррар гардид.

Моҳияти соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон дар Конститутсия дар моддаи 1 ба таври мушаххас танзими худро ёфтааст[1]. Соҳибихтиёрӣ яке аз принсипҳои асосии ҳуқуқи конститусионӣ ва байналхалқӣ ҳисоб меёбад. Падидаи соҳибихтиёрии давлат дар конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва ифодаи худро ёфтааст, ки мехонем: “Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад”.

Матни комили мақола: НАҚШИ КОНСТИТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ