Мероси хаттии Камоли Хуҷандӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз чунин махзани ҳифзкунандаи арзишҳои фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад, ки аз  соли 1933 то ин ҷониб ба ҷамъоварии нусхаҳои хаттии осори ниёгонамон машғул аст. Дар байни дастнависҳо ва сарчашмаҳои таърихие, ки то ба ҳол дар Китобхонаи миллӣ ҷамъоварӣ шуда, ҳифз мешаванд, девони ашъори шоири ширинбаён, яке аз ахтарони тобони адабиёти форсу тоҷик дар асри ХIV Шайх Камоли Хуҷандӣ мақоми хосса дорад, ки он чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ мешавад.

Нақш ва мақоми китоб баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрўза ҳамчун сарчашмаи таҳаввулоти маънавию фарҳангӣ ҳамвора боло меравад. Китобхонаи миллии Тоҷикистон кори сиёсатгузории китобхонаҳои кишварро дар сатҳи миллӣ зери назорат ва ҳимоят гирифт, барои ин манзур иқдомот ҷиҳати баровардани ниёзҳои рўз­афзуни хонандагон, беҳбуди хадамоти библиографӣ, баррасии равишҳои ҷадиди китобдорӣ, тадвин ва такмили феҳристнависӣ, боло бурдани стандартҳои китобхонавӣ, шеваҳои нави гирдоварӣ ва ҳифзи манобеъ, беҳбуди мубодилоти мадорик бо китобхонаҳо ва созмонҳои хориҷи кишвар ва ғайра анҷом медиҳад.

Нусхаҳои хаттӣ ба унвони муқаддастарин арзишҳои волои миллӣ, барои шинохти воқеии таъриху фарҳанг ва тамаддуни ҳар як миллат, ба хусус барои миллати тоҷик аҳамияти калон доранд. 

Онҳо чун падидаи устувори фарҳангӣ ва умдатарин нерўи тамаддуни башарӣ барои нигоҳ доштан ва аз як насл ба насли дигар интиқол додани  хотираи таърихӣ нақши бузург доранд.

Нусхаҳои қаламӣ ва сарчашмаҳои нодири хаттии ниёгон ҳамеша сарвати бебаҳо ва боигарии маънавӣ ва ифодакунандаи рўҳи замон ва муайянкунадаи сатҳи фарҳангиву илмии ҳар миллату халқият дар давраи маълуми таърихӣ ба шумор меравад.

Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз чунин махзани ҳифзкунандаи арзишҳои фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад, ки аз  соли 1933 то ин ҷониб ба ҷамъоварии нусхаҳои хаттии осори ниёгонамон машғул аст.

Дар байни дастнависҳо ва сарчашмаҳои таърихие, ки то ба ҳол дар Китобхонаи миллӣ ҷамъоварӣ шуда, ҳифз мешаванд, девони ашъори шоири ширинбаён, яке аз ахтарони тобони адабиёти форсу тоҷик дар асри ХIV Шайх Камоли Хуҷандӣ мақоми хосса дорад, ки он чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ мешавад.

Ин нусхаи хаттии «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ, аз 274 саҳифа иборат мебошад, ки санаву ҷои китобат ва номи котиб ба мо маълум нест. Матнаш ба забони форсӣ – тоҷикӣ дар ду сутун навишта шудааст. Муттаасифона ин асар аввалу охир надорад ва дар дафтари инвенитарӣ таҳти рақами 728 ба қайд  гирифта шудааст.

Нусхаи хаттии «Маҷмўаи девон», ки дар фонди беназири шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад, девони шуарои давраҳои гуногунро дар бар мегирад. Аз он ҷумла дар дохили он «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби Муҳаммадамини Ҳаким валади Баён Муҳаммад соли 1311 ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1912 китобат шудааст, ки ҷои китобаташ зикр нашудааст. Ин асар комил буда, аз саҳифаи 324 то 490-умро дар бар мегирад. Асари мазкур бо хати настаълиқи хоно дар ду сутун наишта шудааст, ки атрофи матн бо зарҳал ҷадвал дорад.

Асари мазкур дар дафтари бақайдгири китобҳо таҳти рақами 1052 ба қайд гирифта шудааст.

Валиев Ҷамил,

шуъбаи нигаҳдории китоб

Барчаспҳо: