Лаҳзае, ки Озарро шоир кард

 Озар Салим – шоири маъруф, чанд рӯз пештар навишт: Имрўз рўзи хубе будааст. Барои иштирок дар конфронси илмию адабӣ, ки фардо ба муносибати 80-солагии устод Саидчон Ҳакимзода дар Донишгоҳи омўзгории шаҳри Кўлоб баргузор мегардад, даъватнома дарёфт намудам. Агар гурдаҳои дардмандам амон диҳанд, хоҳам рафт ва агар не, узрам пазиро бод.

 Саидҷон Ҳакимзода бар ман ҳаққи устодӣ доранд ва бамаврид аст, ки ин ҷо хотираҳои замони мактабхониямро ёдовар шавам.

 Ҳангоми дар синфи ҳафтум хонданам ҷуръат намуда, ду маротиба он чиро шеър мепиндоштам, ба рўзномаи ноҳиявии «Мубориз» фиристодам. Дар мактуби ҷавобии рўзнома омада буд, ки кўшишҳоям хуб аст, аммо бо сабаби умумигўӣ аз чопашон худдорӣ кардаанд. Ман он вақт чӣ медонистам, ки «умумигўӣ» чист, аз шодӣ ба куртаам нагунҷида, мактубро ба бародарону хоҳаронам нишон дода, «бубинед, ба ман аз редаксия мактуб омадааст»-гуфтам.

 Табиист, ки падарам ҳам мактубро хонданд ва баъди чанде амр намуданд, ки шеърҳоямро тозанавис намуда, барои шаҳр рафтан омода гардам.

Баҳор буд ва мо назди идораи радиошунавонии шаҳри Кўлоб омадем. Падарам он ҷо Саидҷон Ҳакимзодаро суроғ карданд. Марде посухамон дод, ки Саидҷон бо сабаби беморӣ ба кор наомадаанд. Падарам роҳи хонаи шоирро пеш гирифтанду ман аз пушти ў бо ҳазор ҳаяҷон қадам мезадам. Дар он тарафи кўчаи назди оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон ба хонае ворид шудему зани кушодчеҳрае ба пешвозамон баромада, моро рўи кати ҳавлӣ шинонд. Баъди чанд дақиқа марди хушсимое аз хона берун омад. Аз «Саидҷон» -гуфта мароҷиат кардани падарам ба ў, дарк кардам, ки шоир Саидҷон Ҳакимзода бояд ҳамин кас бошанд.

Баъд аз чанд пиёла чой падарам гуфтанд:

- Саидҷон, ту шогирдам ҳастӣ ва ман туро дар мактаби деҳа дарс додаам. Акнун, писари ман мехоҳад, ки шогирди шумо шавад, яъне завқи шеъргўӣ дорад. Ку, бубин, агар лаёқаташро дорад, дасташро рост кун, агар не, бигзор худашро беҳуда овора накунад.

Устод дафтари манро рўи даст гирифтанду бо тааммули зиёд онро ба хондан даромаданд. Дақиқаҳо бароям мисли соатҳо тўл мекашиданд.Аз дилам мегузашт, ки агар Худо нокарда, бигўяд, ки «не, намешавад» қиёмате дар деҳа гардон хоҳад шуд. Тамасхури ҳамдеҳагонро бардоштан кори осон нест, охир.

Ниҳоят устод оромона гуфтанд:

- Найсон чи маъно дорад?

- Баҳор-гуфтам дар ҷавоб.

Боз пурсиданд, ки:

- Кавкаб чӣ?

Ва ҳамин тариқ маънои чанд калимаи дигарро пурсида, ниҳоят сар аз дафтар бардоштанду гуфтанд:

-Ман чанд шеърҳоятро ба рўзномаи «Мубориз» мефиристам, ки чоп мешаванд. Минбаъд бо ин рўзнома ҳамкорӣ мекунӣ.

- Намекунд- гуфтам ман дасту по хўрда-ду бор фиристодам, чоп нашуд.

- Мекунанд,-гуфт устод бо қатъият, - баъд аз тавсияи ман чоп мекунанд. Ҳафтаи дигар ҳатман рўзномаро пайдо карданат лозим аст.

Баъд аз тановули ғизо ва даст ба рў бурдану дуои хайр кардани падарам, мо ба хона баргаштем.

Ҳафтаи дигар ба қавле «деҳа тўй дошт». Рўзномаи «Мубориз» сарсухани устодро, ки «Роҳи сафед, Миралӣ» ном дошт, бо чанд шеърам чоп карда буд. Дар сарсухан омада буд, ки аз шоири ҷавон барои имтиҳон маънои чанд вожаи камистеъмол пурсида шуд, ки посухаш моро қонеъ кунонд. Умед аст, дар оянда аз ў шоири хубе ба камол расад.

Воқеъан, баъд аз ин шеърҳоям дар ҳамин рўзнома ва ҳатто рўзномаи вилоятӣ низ зуд-зуд ба табъ мерасиданд. Ҳарчанд ғурури модарзодам нагузошт, ки дигар наздашон шеър барам (аз ҳамон замон чунин андеша доштам, ки ҳимоятгари шеърҳоям бояд худи шеърҳоям бошанд) аммо дил ва забонам ҳамеша устодии ўро иқрор мекарданду хоҳанд кард.

Устод дари олами шеърро бароям боз карданд, эй кош, ба подоши ин гоҳи растохез дарҳои биҳишт ба рўяшон боз гардад.

Барчаспҳо: