Ҳамоиши Кумитаи забон ва истилоҳот бахшида 140-солагии устод Айнӣ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-04-14 13:21
Ширкаткунандагони ҳамоиш таъкид карданд, ки устод Айнӣ шахсияти беназири таърихист, онест, ки ҷони худро омода буд барои саодати миллати мо нисор кунад. Садриддин Айнӣ аз он фарзандони фарзонаи миллат буд, ки дар як давраи сарнавиштсоз фидокорона талош карда, барои таъмини бақои умри миллат қаҳрамониҳо нишон додаст ва барои ин ки халқи мазлуму ҷабрдида аз зери харобазори таърих дубора сар бардораду қомат рост кунад, падарвор ғамхорӣ ва сарпарастӣ намудааст.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ» баргузор гардид.
Дар кори он раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, адабиётшиноси тоҷик Сайфиддин Назарзода ва дигар намояндагони аҳли илму адаб, фарҳанг, устодони донишкадаву донишгоҳҳо иштирок намуда, андешаҳои илман асосноки хешро оид ба паҳлӯҳои мухталифи ҳаёту эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ бо мисолҳои воқеӣ иброз доштанд.
Гавҳар Шарофзода ҳадафи асосии баргузории конфроси мазкурро арҷ гузоштан ба хизматҳои шоистаи Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ ва барои амалӣ намудани сиёсати забони давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ унвон кард. Гавҳар Шарофзода аз ҷумла гуфт: «Мақолаҳо ва суханрониҳои пуртаъсири ин олими барҷаста — маорифпарвари тоҷик аз минбарҳои матбуот, конфронсу анҷуманҳо ва баҳсу мунозираҳои илмӣ оид ба ҳифзи забони адабии тоҷик, таълифу нашри нахустин китобҳои дарсӣ, адабиётшиносӣ, таърихнигорӣ, рӯзноманигорӣ, фарҳангнигорӣ, имлоиву иншо, нақши боризи устод дар навсозӣ ва рушду такомули забони миллӣ, тарбияи адибони ҷавон таҷассумгари фаъолияти пурсамару ибратбахши ӯ маҳсуб меёбанд».
Устод Садриддин Айнӣ на танҳо нисбат ба фаъолияти эҷодии худ, балки ба нависандагону мутарҷимони замони худ серталабу сахтгир буд ва услуби нигоришу таҷрибаи андӯхтаи ӯ чун дастури раҳнамо ба аҳли қалам ва умуман, ба ҳар фарди ҷомеа хизмат хоҳанд кард. Хидматҳои беамсоли ин шоиру олими забардаст, арбоби барҷастаи сиёсиву ходими ҷамъиятӣ дар бедории тафаккури ҷомеа, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ заминаҳои боэътимод гузоштаанд.
Ширкаткунандагони ҳамоиш таъкид карданд, ки устод Айнӣ шахсияти беназири таърихист, онест, ки ҷони худро омода буд барои саодати миллати мо нисор кунад. Садриддин Айнӣ аз он фарзандони фарзонаи миллат буд, ки дар як давраи сарнавиштсоз фидокорона талош карда, барои таъмини бақои умри миллат қаҳрамониҳо нишон додаст ва барои ин ки халқи мазлуму ҷабрдида аз зери харобазори таърих дубора сар бардораду қомат рост кунад, падарвор ғамхорӣ ва сарпарастӣ намудааст.
Маврид ба таъкид аст, ки ҷашни садучиҳилсолагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар партави сиёсати фарҳангпарварона ва дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.