Донистан хуб аст...

Нависандаи франсавӣ Жюл Верн дар замони худ бахшида ба соҳаҳои гуногуни дониш картотека тартиб дода буд. Картотекаи   Жюла Верн зиёда аз 20 ҳазор барга (карточка) - ро дар бар мегирифт. Ба ақидаи донишмандон аз ин картотека замони мо ҳам муассисаҳои илмӣ бибояд ҳасад бибаранд.

***   ***   ***

Нависанда ва таърихшиноси Эквадор Хосе Румасо «Парусия» ном достони фалсафии манзумашро 13 сол навишта, онро соли 1886 анҷом дод. Достон аз 7 ҷилд иборат буд.  Дар ҳар як ҷилд ҳазор мисраъ шеър ҷой гирифтааст.

***   ***   ***

Нависандаи франсавӣ Ромен Роллан соли 1935 ба ИҶШС сафар карда буд. Ӯ ҳангоми дар Китобхонаи давлатии ИҶШС ба номи В.И.Ленин буданаш қуттиеро тўҳфа кард. Номи онро ниҳон дошт ва хоҳиш намуд, ки тўҳфаро баъди бист сол бикшоянд. Кормандони китобхона хоҳиши Ромсн Ролланро ба ҷо оварданд. Тўҳфаи ўро баъди бист сол кушоданд. Тўҳфа дастхати Ромен Роллан буда, бар ҷанги якуми ҷаҳонӣ ва воқеоти то соли 1919-ро дар бар мегирифт. Ин дастхат ба махзани китобии китобхона зам шуд.

         ***   ***   ***

Дар Британияи Кабир (Лондон) иштирокчиёни ҷамъияти «Шекспирдўстон» хабари ғалатиеро интишор сохтанд ва дар он гуфта мешуд, ки «дар ҷаҳон тахминан 800 ҳазор мухлисонанд, ки бо мадади даромади асарҳои Шекспир зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз ин асарҳо илҳом мегиранд ва бо туфайли ин асарҳо кор мекунанд. Инҳо шекспиршиносон аз зумраи нависандагон, бастакорон, актёрон, тарҷумонҳо, ноширон ва фурушандагони китобҳо мебошанд.

        ***   ***   ***

Бобоюнус Худойдодзода (1870-1946) дар деҳаи Косатароши ҷамоати Садаи-Бардаи ноҳияи Балҷувони вилояти Кўлоб таваллуд ёфтааст. Падару модари ў ҳофизу ҳофиза ва бадеҳагўй буданд. Бобоюнус камол ёфт. Шоири халқӣ ва достонсарои номӣ шуд. Ӯ  шеърҳои бешумореро навишта, зери оҳангҳои рангобаранги достони «Гуруғлӣ» равон мекард. Бобоюнус зиёда 150 ҳазор мисраъ достони «Гуруғлӣ»-и   машҳурро аз ёд медонист. Ӯ  ин достонро хеле бо шавқу завқ, бо оҳангҳои дилпазир месароид. Аз ин ҷиҳат шоири номвари тоҷик Мирзо Турсунзода ҳанўз соли 1937 гуфта буд, ки «Бобоюнус энсиклопедияи фолклори тоҷик шоири барҷастаи бадеҳагў мебошад».

            ***   ***   ***

Нависандаи маъруфи Олмон Лион Фейхтвангер (1884-1958) соли 1935 менависад, ки «Нависанда Л.Ф. охирҳои садаи ХIХ дар шаҳри Мюнхени Бавария таваллуд ёфтааст. Пас, ба ў омўзгорон аз 211 соҳаи мустақили илм дарс гуфтааст.

Нависанда барои аз хотир берун кардани 172-тои ин соҳаҳо 19 сол кўшиш кард. Солҳои таҳсил омўзгорони ў 14203 маротиба номи Платон, 22614 маротиба номи Фридрихи бузургро такрор намуданд. Онҳо боре номи Карл Марксро нагуфтанд.

Нависанда Л.Ф. 14 сол вақти худро дар мактабҳои таълими умумӣ, донишгоҳҳои Берлин, Мюнхен гузаронд. Ӯ дар хизмати ҳарбӣ 5,5 сол, асирӣ 17 рўз ва дар Мюнхен 11 сол буд. Боқии ҳаёт озод.

Солҳои нашъунамоёбӣ қомати нависанда Л.Ф. 1 метру 65 сантиметр, вазнаш 61 килограм, 29 дандон дошт. Чанд тои дандонҳояш ба пеш баромада. Мўи сараш ғафсу малланамо ва ба чашмонаш айнак гирифта мегашт. Шиновари хубу раққоси ўҳдабаро, дилбохтаи чой. Ба нўшокиҳои шаробӣ, қаҳва ҳавас надошт.  Дар ҳаёташ як бор соҳиби хона ва як бор хонаашро сахт тагурў гардондаанд.

Нависанда Л.Ф. шаш бор соҳиби молу мулки зиёда буд. Дар бисоташ 28 асари дастнавис, 10248 нусха китоб, 1 мошинаи сабукрав, 1 гурба, 2 сангпушт, 9 тубаки гул, 4212 адад чизу чораи дигар дошт. ҳамаи чизу чораҳояшро гитлерчиён нест ва ғорат карданд.

Нависанда Л.Ф. як бор соҳиби зан ва як бор духтаракеро аз ғарқшавӣ раҳо дод. 11 драма навиштааст. Чаҳор романи нависанда дар Олмон бо теъдоди 527 ҳазор нусха интишор гардид.

Нависанда Л.Ф. китоби Гитлер «Муборизаи ман»-ро омўхт. Дар вай 164 ҳазор бор вайрон кардани қоидаҳои сарфу наҳвӣ, услубиро ташхис намуд. Нависанда Л.Ф. -ро таъкиб мекарданд. Фашистон 20 асари ўро ба таври тантанавӣ сўзонданд ва онҳоро ба мардумони Олмон чун заҳр эълон амуданд.

             ***   ***   ***

 «Изҳори самими хонуми ҳамболин» ном повестро амрикозан Адели Гариссон таълиф кардааст. Адели Гариссон соли 1957 дар сини 82 солагӣ фавтида буд. Повести ў аз ҷиҳати интишор дар таърих ҷои аввалро соҳиб аст. Бар иловаи яке аз ҳафтаномаҳои Амрико 41 сол интишор гардидааст.

***   ***   ***

Китоби нависанда И. Вайслингер бо унвони «Ҳақиқати муттасил» соли 1726 чоп шуда буд. Вай 618 саҳифа дошт. Аҷибаш он аст, ки 470 саҳифаи ин китобро муқаддима пур кардааст.

           ***   ***   ***

Бисёр шоирону нависандагон тахаллуси адабӣ доранд. Нахустин шахсе, ки ба тахаллус асарҳо таълиф кардааст, ин комедиографии Юнони қадим Аристофан (қариби солҳои 450-384 пеш аз милод) мебошад. Тахминан аз чиҳил асари маҳзакавии Аристофан ёздаҳ то боқӣ мондаанд.

            ***   ***   ***

Ин воқеа дар Соксония рўй дода буд. Фаъолияти нависанда Иобаста Вайсбордт омад накард. Ҳаҷвномаи ў ба амалдорон хуш наомад. Нависандаро ба суд доданд. Мувофиқи ҳукми суд Иобаста ба азоби сахт дучор шуд. Ӯ  миёни ҷомеа чорзону зада нишаст. Саҳифаҳои ҳаҷвномаашро, ки хеле бешумор буданд, то охир хурда соф кард.

             ***   ***   ***

Васиятнома равшан набуд. Ҳеҷ кас ба кушодани лифофаҳо ҷуръат накард. Болои ҳар кадоми лифофаҳо навиштаҳо сабт буданд: «То рўзи бистсолагии фавтам накушоед - Томас Ман” Вассалом.

Лифофаҳои Томас Манн дар архиви давлатии мактаби олии техникии Сюрих бист сол эҳтиёт шуд. Баъди ин  муддат хазинадор, профессор Вислинг бо иштироки нотариус лифофаҳоро кушод. Аз чор лифофаи Томас Манн 32 дафтар, китобча ва рўзномаҳо баромаданд. Навиштаҷоти дафтарҳо ба вазъияти Мюнхени солҳои 1919-1920, навиштаҷоти рўзномаҳо ба воқеъоти 15-уми марти соли 1933 то 29-уми майи соли 1955 дахолат доштанд. Дар ин навиштаҳо ҳукуматро ба даст овардани Гитлер, сўзондани Рейхстаг, аз тарафи Гебелс сўзондани китобҳои беҳтарин, бадарға ва ё нобуд кардани озодфикрону мулоҳизаҳои дигари нависандаи Олмон сабт ёфта буданд.

(Идома дорад)

 Бознашр аз китоби Б.Аҳмадов ва Ҷ.Раҷабов “Мақоми китоб дар фаҳанги мардуми тоҷик”, Душанбе, 2016.

Таҳияи Шарофат Мирзоева, сармутахассиси шуъбаи

илмӣ ва тадқиқотӣ.