Чорумин нишасти сарварони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ рӯзи 27-уми ноябр дар Китобхонаи миллӣ оғоз ба кор мекунад
Нашр шуд 2017-11-25 12:19
Рӯзҳои 27-29 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорумин нишасти раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) баргузор мешавад. Дар он раисони китобхонаҳои миллии 10 кишвари узви СҲИ - Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон, Раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ ва намоянда аз Дабирхонаи СҲИ ширкат менамоянд.
Ҳадаф аз баргузории ин нишаст ҳамкории амиқ байни китобхонаҳои миллӣ дар заминаи табодули иттилооти муосир, таъмиру ҳифзи китоб, табодули таҷриба ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ, роҳандозии сомонаи муштарак миёни китобхонаҳо мебошад. Дар ҷаласаи коршиносон оид ба ҳамин мавзӯъҳо ва низ масъалаҳои муҳим роҷеъ ба ҳамкориҳо дар оянда мавриди арзёбӣ қарор хоҳанд гирифт.