Теъдоди аъзои Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ ба 300 нафар расидааст ва гуфта мешавад, ки шумори хоҳишм андони пайвастан ба сафи ҳизб дар ҳоли афзоиш аст.
Ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобдор»-и ҲХДТ дар Китобхонаи миллӣ субҳи имрӯз, 10 – уми июн дар толори “Ошёни булбулон”-и китобхона баргузор шуд.
Мавзуъи ҷаласа “Оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи январи соли 2015 то майи соли 2017” буд.
Ҷаласаро бо суханони муқаддамотӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобдор» профессор Сайфиддин Назарзода ифтитоҳ кард ва иштирокдорони маҷлисро барои ҳамрайъӣ дар татбиқи барномаҳои ҲХДТ ва шомил шудан ба сафи ҲХДТ табрику ташаккур намуд. Ҳамчунин, Раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳисоботи худро, ки аз моҳи январи соли 2015 то моҳи июни соли 2017-ро дар бар мегирифт, ироа намуд.
Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоӣ дар давоми фаъолияти худ ба комёбиҳои зиёд мушарраф гардида, дар баробари ин пешрафту дастовардҳо вазифаи аввалини худро, ки ташвиқу тарғиби ғояҳои оинномавии ҳизб маҳсуб мешавад, роҳандозӣ намудааст.
Сайфиддин Назарзода ҳамчунин гуфт, ки ҳоло шумораи аъзои ҳизб аз 25 нафар ба 300 нафар расидааст ва шумори хоҳишмандон ба узвияти ба ҳизб дар миёни кормандони Китобхона ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст.
Баъдан, муовини раиси ташкилоти ҳизбии «Китобдор» Муҳаммадиқбол Атоев доир ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдат ва ҳамгироии миллӣ» маърўзаи илмӣ намуда, дар бораи масъалаҳои сулҳу субот, амнияти миллӣ, якпорчагии Ватан, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватаншиносиву ватанпарастӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва расидан ба ормонҳои таърихии миллати тоҷик суханронӣ кард.
Дар охир, номзадии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобдор» Сайфиддин Назарзода барои ширкат дар 26-умин конфронси ташкилотҳои ҲХДТ-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод ва аз ҷониби аъзои ҳизб якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.
Фарзонаи МИРЗО