Боздиди Сафири Озарбойҷон аз Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-11-02 17:31
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гасан Мамедзадеро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо ба омодагии худ ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи китобу китобдорӣ таъкид намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо Китобхонаи миллии Озарбойҷон алалхусус Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни мулоқот тарафҳо бештар дар соҳаи фарҳанг, табодули китоб ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ рағбат зоҳир намуда, ҷиҳати таъсис намудани «Гўшаи китобҳои озарӣ» дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон муҳтарам Гасен Мамедзаде ҳамчунин афзуд, ки дар назар дорад китобҳои яке аз машҳуртарин мунаққидони Озарбойҷон Ҷалил Маҳмадқулзодаро, ки аслан барои мубориза бар зидди хурофотпарастӣ, бемаълумотӣ ва бесаводӣ равона гардида аст ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр намояд. Ин пешниҳодро раёсати Китобхонаи миллӣ иқдоми нек пиндошта, қайд намуданд, ки барои тарҷумаи чунин китобҳо ва тавсеаи ҳамкориҳо дар ин соҳа ҳамеша омодаанд.
Инчунин, меҳмонон аз толорҳои хониш, намоишгоҳҳои китоб ва дигар толору шуъбаҳои Китобхона дидан карда, ба меъморӣ ва низоми хизматрасонии он баҳои баланд доданд.
Дар поёни мулоқот директори Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода ба ҷаноби Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Гасан Мамедзаде барои ташриф ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва сӯҳбати гарму созанда изҳори ташаккур намуд.