Аз таърихи «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Нашр шуд 2021-03-10 16:11
Тақвим ин маълумотномаи чопӣ ё электроние мебошад, ки ба сифати роҳнамо ё дар шакли ҷадвал оварда шуда, дар он рўйдодҳои муҳим - рўзҳои ид, санаҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ инчунин ҳаёту фаъолияти шахсони алоҳида ба қайд гирифта мешавад. Тақвимҳо аз рўи намуд рўимизӣ, деворӣ, электронӣ, тавсифӣ, намоишӣ ва армуғонӣ мешаванд.
Аввалин «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими РСС Тоҷикистон»-ро соли 1964 Вазорати фарҳанг ва Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар ҳамкорӣ бо идораи Бойгониҳои назди Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва чоп намуда буданд, ки ин далели муҳими рушди тақвимнависӣ башумор мерафт. Тибқи дархости хонандагон ва кормандони китобхонаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими РСС Тоҷикистон» соли 1964) ба забони русӣ нашр гардид.
Ҳамзамон, аз соли 1965 «Тақвими китобдор» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр гардида, воқеаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ ва мадании ҷумҳуриамонро фаро мегирифт. Аз солҳои 1964 то 1968 дар он доир ба 40 нафар адибони классик,муосир ва ахбори воқеаҳои адабию сиёсии ҳамон давра маълумот пайдо кардан мумкин аст. Дар тўли солҳои 1964 то 1976 ба «Тақвими ҷашну санаҳои РСС Тоҷикистон» 1246 ҷашну сана ва дигар воқеаҳои муҳими ҳаёти кишвар дохил карда шуданд. Аз ин шумора, оид ба 246 ҷашну санаҳои асосӣ очеркҳои мухтасар навишта шуда, дар он 2400 номгўи адабиёт бо забони тоҷикӣ ва 2708 номгўй бо забони русӣ тавсия шуда буд.
Дар «Тақвими ҷашн ва санаҳои РСС Тоҷикистон» барои соли 1978 дар бораи шахсиятҳои маъруф ба монанди Садриддин Айнӣ, Ориф Шукуров, Бобоҷон Ғафуров, Самад Ғанӣ, Миновар Шогадоев, Карим Девона, Муҳаммадсидиқи Ҳайрат ва дигарон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ маълумоти зарурӣ дарҷ гардида буд.
Саркарда аз соли 1981 «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими ҷумҳурӣ» дар радифи ахбори ҷорӣ, иттилоот оид ба санаҳои муҳими соли ояндаро инъикос намуда,ба ин васила ба библиографону китобдорон дар раванди таҳияи пешакии нақша оид ба маълумотҳои библиографӣ ва гузаронидани чорабиниҳо маълумоти муфидро пешкаш менамояд. Аз тақвими мазкур оид ба ҳаёту фаъолиятишахсиятҳои барҷаста -Аҳмад Бобоқулов, Абдусалом Деҳотӣ, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Рауф Баротов ва дигарон маълумоти заруриро дастрас намудан мумкин аст.
Матни комили мақола: Аз таърихи «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон».