Чунин ном дошт чорабиние, ки баъди зуҳри имрӯз бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Абдусалом Мирализода дар сухани ифтитоҳии худ бо ибрози назар дар бораи Артиши миллӣ чун рукни давлатдорӣ ва далели соҳибихтиёрии кишвар ҳозиронро ба ин ҷашни фархунда муборакбод кард.
Директори Китобхонаи миллӣ афзуд: “Бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон якчанд чорабиниҳои фарҳангию сиёсиро дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқии нависандагони Тоҷикистон ба нақша гирифтааст. Бояд зикр намоем, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд буда, кори ҳар ҷавонмарди ҷасур ва бо нангу номус аст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар ин лаҳзаҳо онҳоро фақат як чиз - муҳаббат ба Ватан ва Модари худ ба корнамоиҳо ҳидоят менамуд”.
Намояндаи Вазорати мудофиа, полковник Ҳилол Музаянов дар бораи таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ суханронӣ кард ва гуфт, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар як шаҳрванди болиғ аст. “Тибқи моддаи 43 – юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад. Ба ҳамин хотир, Ватан ноёбтарин неъматест, ки онро Худованд барои мо ато намудааст. Хизмат намудан дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”,- иброз дошт ӯ.
Қисмати дуюми чорабинӣ фарҳангӣ буд. Шоири Халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ шеърҳои тозаэҷоди хешро дар васфи Ватану Тоҷикистон қироат намуда, аз даврони ҷавонии хеш, хусусан аз он айёми хизмат дар сафи қуваҳои мусаллаҳ ёдовар шуд. Устод Гулназар нақлҳои ширину хуш ва шавқовар аз он рӯзгор ҳикоят кард.
Инчунин, хонандаи фаъоли шуъбаи хизматрасонии махсус Умедалӣ Холов дар васфи Ватан шеърҳо хонд.
Парвин Маҳмадёр овозхони ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сурудҳои тозаэҷоди хеш хотири ҳозиринро шод гардонид.
Ёдовар бояд шуд, ки дар маҳфил сарбозони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа бо афсаронашон ширкат доштанд.
Дар охир, ба сарбозону афсарон тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ тақдим карда шуд.
Фарзонаи МИРЗО
Суратгир Хусрави Милод