Кӯдакон ва наврасон

Сўзани ту аз сутуни қасри тилло қимат аст...

   Ман нависандаи ин сатрҳо ҷавоне ҳастам, ки модар дорам. Ва гумон мекунам чун модар дорам, саодати оламро ҳам дорам. Ин саодатро миллионҳо нафар аз сокинони кишвар доранд. Пас ин саодатро набояд аз даст дод. Дору надори мо, сарвати мо ҳамин модарони моянд, ки бояд дар замоне, ки офтоби пирӣ сари муборакашонро бо гарди сафед нуронӣ мекунад, тадриҷан қуввату мадор аз даст медиҳанд, пойи равон гум мекунанд, ин моем, ки муттакояшон бошем, асои дасти пириашон гардем ва нагузорем,

“Афсонаҳои мардуми Паря” чӣ китобест?

  Забон ва фолклори халқияти Паря шасту ду сол пеш аз ин (1954) аз ҷониби донишманди барҷастаи эроншинос Иосиф Михайлович  Оранский ба аҳли илм муаррифӣ шуда буд. Пажуҳишҳои Оранский бахшида ба ҷабҳаҳои мардумшиносӣ, забоншиносӣ ва намунаҳои фолклории халқияти Паря дар солҳои шастум ва ҳафтодуми қарни гузашта дар шакли мақолаҳои илмӣ ва ду монография ба чоп расидаанд.

   Агарчи аз чопи монографияи охирини Оранский (Фольклор и язык гиссарских парья (Средняя Азия). Введение, тексты, словарь.- М.: Наука главная редакция восточной

Сайри олами пингвинҳо дар маҳфили “Дастони моҳир”

  Мавзуъи навбатии “Дастони моҳир” – и Шуъбаи кӯдакону наврасон “Пингвин” ном дошт. Ҷонваре, ки бо хулқи аиҷибу сурати наҷиб дар яхистонҳову барфзорони қораи Арктика ва Антарктида ҳаёт ба сар мебарад. Чун пингвин бумии кишвари мо ва ҳатто минтақаи мо нест, хостем ба хонандагони худ маълумотномаи нисбатан муфассале ироа кунем.

Аз пайдоиш то имрӯз

  Пингвинҳо дар рӯйи Замин хеле пеш пайдо шудаанд: дар аввали давраи кайнозой, 60 миллион сол пеш аз ин ва шояд боз ҳам пештар. Палеонтологҳо устухонҳои 40 намуди қадимаи пингвинҳоро пайдо кардаанд. Аз он ҳаддиақал 7 намудашон пингвинҳои азимҷусса, ки қадашон баробар ба қади одам ва вазнашон то 120 кило.

  Ҳоло дар рӯйи Замин 15-18 намуди пингвинҳо

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии китоб дар Китобхонаи миллӣ

  Дар Рӯзи ҷаҳонии “Ҳадяи китоб” барои хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бештар аз 60 китоби нав тақдим шуд. Инҳо китобҳое буданд, ки ахиран муаллифон-адибони кӯдакнависи кишвар ба Китобхона тақдим карда буданд.

  Сеюмин сол аст, ки Китобхонаи миллӣ низ “Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб”-ро таҷлил мекунад. Чун анъана дар ин рӯз асосан хонадагони хурдсоли китобхона соҳиби тӯҳфа мешаванд. Ҳамасола

Китоби нав: Донишномаи химия

   Мураттиби ин китоби хубу хонданӣ Лутфулло Солиев аст, ки зери назар академик Носирҷон Салимӣ навишта ва аслан барои наврасону ҷавонон таҳия шудааст. Аз ин китоб донишомӯзони мактабҳои миёна ва олӣ метавонанд истифода баранд.

    Профессор Саид Нуриддин Саид- вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар сарсухани китоб навиштааст, ки  “консепсияи милли инизоми маориф дидгоҳҳо ва арзишгузориҳои комилан навро ба вуҷуд овард, ки он афзун бар илмҳои ҷомеашиносӣ дар илмҳои табиатшиносӣ низ татбиқ шуд... Нашри китоби «Донишномаи химия», ки аз шумули нахустин донишномаҳои тахассусии мактабиву донишгоҳӣ аст, воқеан, падидаи нишотбахш ва лоиқи таҳсин мебошад. Гузашта аз осори

Тасаввуроти кӯдаконаи “Сада”

http://kmt.tj/sites/default/files/02_5.jpg   Дар маҳфили навбатии Дастони моҳир хонандгони фаъоли Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ тасаввуроти худро дар бораи ҷашни қадимии ниёгон Сада рӯи коғаз оварданд. Дар ин маҳфил яке аз суннатҳои ин ҷашнвора Гулханафрӯзӣ 

Страницы