Чунин ном дорад китобе, ки нашриёти “Маориф” дар ҳаҷми 232 саҳифа чоп кардааст ва чуноне аз номаш пайдост, як дастури маслиҳативу машваратӣ барои касонест, ки дар остонаи интихоби касб қарор дорад. Китоб тозанашр нест, ҳанӯз соли 2017 чоп шудааст, вале бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шуд.
Муаллифони китоб мегӯянд “наврасону ҷавонон бояд донанд, ки дар дунё беш аз 50 ҳазор касби гуногун мавҷуд аст.Баробари тараққиёти босуръати илму техника, иқтисоди бозорӣ, талаботи бозори кор ва
Ҳафтае қабл 46 номгӯй китоб ба теъдоди зиёда аз 460 адад китоб аз ҷониби Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи такмили адабиёти Китобхонаи миллӣ ворид гардид. Аксари ин китобҳо дар нашриёти “Маориф”- матбааи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудаанд. Китобҳои тақдимшуда барои хонандагони аз синфи 1 –ум то синфи 11 - ро дар бар мегирифт ва хонандагони шуъбаи кўдакон ва наврасон бештар китобҳои дарсиро дархост мекарданд.
Бо ибтикори Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, Шуъбаи адабиёти кӯдаки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва телевизиони “Баҳористон” шуруъ аз соли нав барномаи нави телевизионӣ бо номи “Беҳтар аз дӯст” дар толори хониши кӯдакону наврасон сабт мешавад. Ширкаткунандагони асосии ин барнома хонандагони шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мебошанд.
Ҳар фасли сол зебогии ба худ хос дорад. Аз ҷумла зимистон низ. Ҳарчанд солҳои охир мо барфи онро пазмон мешавем, вале чун меборад, он пазмониро мебарад. Зеби зимистон барфи он аст, чунонки зеби баҳор борону гулу сабзаи он аст. Зеби зимистон бистари барфии замин аст, ки барои кӯдакону наврасон шодии беҳад меорад. Ва ин тифлонанд, ки ҳамасола омад-омади онро интизорӣ мекашанд. Вале ихтиёри табиат на дар дасти инсон аст. Мо наметавонем барфро гӯем бибору он борад ва боронро бигӯем исту он қарор гирад. Вале зимистонро ҳам мисли баҳор пазмон мешавем.
Зарфи шаш рӯзи аввали таътили зимистона 743 нафар хонандагони наврас вориди толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ шудаанд, ки аз ин ҳисоб 112 нафари онҳо касоне мебошанд, ки бори аввал ба китобхона омадаанд. Ин саду дувоздаҳ нафар аъзои нави китобхона аз ҳисоби наврасону кӯдакон мебошад.
Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна то 120 нафар хонандагон вориди толори хониши кӯдакону наврасон мешаванд.
Дар шўъбаи кўдакон ва наврасон маҳфили «Дар сўҳбати адиб» ин навбат бо адиби табиатшинос Маҷид Салим баргузор гардид. Хонандагони фаъоли шўъба бо ин адиби шинохта ва табиатнавис аз наздик шинос шуданд. Дар маҳфил муовини Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова иштирок дошт ва дар арсми ифтитоҳи он Маҷид Салимро ба хонандагон шинос кард. Салима Раҷабова гуфт, ки чанде пештар дар Китобхонаи милли китоби нави адиб бо нои