чорабиниҳои фарҳангӣ

Кароматуллоҳи Мирзо ба хонандагони наврас чӣ гуфт?

Дар шуъбаи кӯдакон ва наврасон  маҳфили «Дар сӯҳбати адиб» баргузор шуд, ки хонадагони наврас бо адиби дӯстдоштаи худ Кароматуллоҳи Мирзо мулоқот карданд.

Меҳмони олиқадрро Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода хайрамақдам гуфт ва ба ҳозирон дараи зиндагиномаи адиби номвар ва асарҳои ӯ нақл кард.
Дар маҳфил хонандагони фаъоли шуъба иштирок

Боздиди рузноманигорони Ӯзбекистон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Дар идомаи диду боздидҳои худ аз Тоҷикистон субҳи имрӯз, панҷшанбе гурӯҳе аз рӯзноманигорони нашрияҳои мухталифи Ӯзбекистон ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва бо ин боргоҳи маърифату хазинаи бузурги китоб аз наздик ошно шуданд.

Кормандони Китобхонаи миллӣ меҳмононро дар даромадгоҳ истиқбол гирифтанд. Сипас, онҳо ба дохили бино даъват шуданд ва бо толорҳои

Бо ҷавонтарин хонандаҳои Китобхона

Ҷавонтарин хонандагони Китобхона. Меҳмонони имрӯз ва рӯзҳои гузаштаву оянда. Чеҳраҳои зебо, нигоҳи кунҷковона ва таваҷҷӯҳашон ба китоб касро ба ояндаи миллат дилгарм мекннад. Инҳо ҳамарӯза меоянд ва дар толори кӯдакону наврасон китоб мехонанд. Хурдакакон расм тамошо мекунанд, бо ёрии мураббиён маънову мафҳуми суратҳоро мефаҳманд ва иддае талош мекунанд бихонанд.

Хурдтаракони «Гулистон» дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имруз як гурӯҳ хурдтаракони боғчаи “Гулистон” шуъбаи кудакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд.

Як нафар мутасаддии шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ки ҳамчун роҳбалади саёҳат маҳсуб меёфт, сараввал кӯдаконро аз бахши бақайдгирӣ ошно намуд. Баъдан хурдтаракон ҷониби шуъбаи кудакон ва

Боз як рӯзи покиву низофат ва ободонӣ дар Китобхонаи миллӣ

Чун одати ҳамешагӣ шанбеи гузашта низ дар Китобхонаи миллӣ рӯзи покиву низофат буд. Аз сари субҳ кормандон ба коргоҳ ҳозир шуданд, то дар ободониву гулкории он саҳм гиранд.

Онҳо бехи гулҳову дарахтонро аз баргҳои рехтаву хазоншуда, хасрӯбаҳо, алафҳои бегона тоза карданд. Атрофи гулҳои зеборо, ки зарфи ин як ҳафта алафҳои наврустаи бегона иҳота карда

Намоиши китоб бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Шуъбаи таблиғ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бештар аз 30 китобро дар мавзуъи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошт. Ин иқдом ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида мешавад, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст.
Хонандагон имкон доранд бо китобҳои дар ин

Страницы