Тибқи анъанаи дерин имрӯз, шанбе, ки маъмулан як рӯзи истироҳатист, барои кормандони Китобхонаи миллӣ рӯзи низофату тозагӣ буд. Сарҷамъона даст ба тозакориҳо заданд, майдону боғи паси биноро аз хасу хасрӯбаҳо тоза карданд.
Бехи ниҳолҳоро нарм намуданд, хазонрезаҳоро руфтанд, ҷӯёборҳоро тоза карданд. Дарахт чун организми зинда ҳамеша ба парваришу нигоҳубин
Дар моҳи октябри соли равон зиёда аз 150 адад китобҳо чун нусхаҳои ҳатмӣ ба шуъбаи такмили адабиёти Китобхонаи миллӣ ворид гардиданд. Ин китобҳо аз интишороти “Душанбе” , ”Матбуот”, “Эр- граф”, “Адиб” ва “Маориф” ворид дастрас гардиданд.
Акнун хонандагон имкон доранд дар ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ китобҳои зеринро суроғ кунанд:
“Ҷомеъ-ул-ҳикоят” аз ҷумлаи пурхонандатарин асарҳои адабиёти классикии мост, ки асрҳо ба инҷониб миёни ҳаводорони каломи бадаеъ шӯҳрат дорад. Ин китоб дар Тоҷикистони замони Шӯравӣ, аниқтараш аввали солҳои 80 асри гузашта ба срилик баргардон ва комил чоп шуда буд. Нусхае, ки ин ҷо меорем, ҷили дуввуми китоби мазкур буда, соли 1981 дар нашрияти “Ирфон” интишор ёфтааст.
Китоб бо дархости хонандаи мо Соро Меликова ин ҷо гузошта мешавад. Соро Меликова дар тамос аз тариқи саҳифаи сомонаи мо дар Фейсбук аз мо хоҳиш намуд барои пайдо кардан ва мутолиаи “Ҷомеъ-ул-ҳикоят” ёрӣ расонем. Соро Меликова менависад, ки берун аз Тоҷикистон қарор дорад ва имкони рафтан ба Китобхонаи миллӣ надорад. Аз ин рӯ мехоҳад гузинаи электронии китобро мутолиа кунад.
Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мавлоно — васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» ба кори худ идома дод. Ин нишасти байналмилалӣ ба ифтихори зодрӯзи Мавлоно бахшида шудааст.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мавлоно — васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» ба кори худ оғоз кард. Дар он олимону муҳаққиқон ва донишмандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Туркия,Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон ва Олмон иштирок доранд.
Шумори хонандагони китобхо зарфи нӯҳ моҳи сипаришуда 14 ҳазору 259 нафар афзудааст. Аз миёни ҳамаи донишгоҳҳои кишвар донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи ибни Сино бештар ба узвияти Китобхонаи миллӣ қабул шудаанд. Масъулини толрҳои хониш мегӯянд беш аз дигар китобҳо вақтҳои охир китобҳои тиббӣ суроғ карда мешавад. Зарфи нӯҳ моҳ толори адабиёти тиб ва табиатшиносӣ ба 18 ҳазору 873 нафар