Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои тозанашри олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон доир гардид. Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба муҳимтарин тадқиқотҳои олимони Академияи улуми Тоҷикистон ҷалб намуд.
“Вуруди фарҳанги миллӣ ба фазои ҷаҳонӣ». Чунин ном дошт мавзуъи маҳфили “Дар суҳбати соҳибдилон”, ки ахиран бо ташаббуси Шуъбаи чорабиниҳои фарҳангӣ бо ширкати фарҳангшиноси шинохта Мунира Шаҳидӣ дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Ангезаи ин мусоҳиба Ифтихорномаи Китобхонаи миллӣ ба Раҳимқул Бобоев чун беҳтарин хонанда буд, ки ахиран эъто гардид. Мавсуф аз ҷумлаи куҳансолтарин хонандагони Китобхонаи миллӣ аст, ки қариб ҳар рӯз дар толори Кормандони илм саргарми мутолиа ва пажӯҳиш аст. Моҳи январи соли равон ба синни мубораки 80 қадам ниҳод. Ва
2 - юми декабри соли равон ҳайати сарбозону афсарони қисми ҳарбии 0121-и қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оваранд. Сараввал, сарбозону афсарон аз мусаввараи таърихӣ, ки дар ошёнаи сеюми Китобхона ҷойгир аст, дидан намуданд.
Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад.
Миллати точик бо шарофияти истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар муқадассоти миллӣ соҳиби Парчами миллӣ гардид, ки он таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи
Дар мавсими зимистон Китобхонаи миллӣ то соати 20:00 кор мекунад. Ин низоми аз қабл таъиншудаест. Баҳору тобистону тирамоҳ соати корӣ аз 8:00 то 22:00, аммо чун зимистон шабҳои сард дорад ва равуои хонанда ҳам аз мушкили нақлиёти шабона мушкил аст, реҷаи корӣ то ҳашти бегоҳ таъин шудааст.
Шаби гузашта ҳамкорамон Хусрави Милод аз