чорабиниҳои фарҳангӣ

Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем!

Роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба мудири шуъбаи такмили адабиёт Муқаддас Тешаева ҷиҳати даргузашти бармаҳал ва нобаҳангоми

МОДАРАШ

изҳори ҳамдардӣ мекунад.
Ба марҳум аз даргоҳи Худованди бузург хонаи ободи охират ва ба бозмондагонаш   сабри ҷамил хоҳонем.

Душанбе – город счастья и процветания.

Я признаюсь в любви к тебе,
Мой милый город – Душанбе!
Проходят годы чередой,
Но в сердце ты всегда со мной.

Журчат арыки и фонтаны,
Цветет миндаль во всей красе,
Кроваво- красные тюльпаны
И розы нежные в росе.

Шанбеи ободгарӣ дар Китобхонаи миллӣ

Анъанаи роиҷ дар Китобхонаи миллӣ. Рӯзи тозакориҳо ва ободгариҳо. Шанбе рӯзест, ки кормандони Китобхонаи миллиро бо навбат даъват мекунад ҳиссаи худро дар корҳои ободиву низофат гузоранд.

Тобистони гарм кори боғро барои як боғбон мушкил мекунад. Ин аст, ки бояд ҳамагон дастбакор шаванд, то ниҳолакҳои бо сад умед шинода нахушканд, гулҳо хазон нашаванд, алафҳо аз

“Ҳикоёти Бешаи палангон” – дар Китобхонаи миллӣ муаррифӣ шуд

Бо ибтикори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби тозанашри барандаи Ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ Маҷид Салим таҳти унвони “Бешаи Палангон”доир гардид.

Рунамоии китоби тозанашр аз намоиши филми мустанади “Бешаи палангон” бахшида ба 80 – солагии таъсисёбии мамнуъгоҳ шуруъ гардид.

Ин чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов оғоз намуда,   дар бораи

Мубаллиғони фарҳанг ва забони тоҷикӣ

Тоҷикистон ҷавононе дорад, ки баъди анҷоми таҳсил дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷ ба Ватан бармегарданд ва аз мубаллиғони бемисли фарҳангу тамаддуни миллати худ барои хориҷиён мешаванд. Ин афрод, ки замони таҳсил забонро дар сатҳи олӣ омӯхтаанд ва фарҳанги Ғарбу Шарқро мешиносанд, тарғиби дурдонаҳои фарҳанги миллати худро барои хориҷиён аз масъулияти инсонии худ медонанд.

Даргоҳи умеду кушоиш

Бо Далер Раҳимов замоне ошно шудем, ки саргарми мутолиа буд. Мегуфт чун довталаб аст ва аз роҳи дур ба нияти донишҷӯ шудан омадааст, зиёд мутолиа мекунад, то ба орзуяш расад. Хушбахтона, кам нестанд ҷавононе, ки аз ноҳияҳои дурдаст бо орзуву ҳавасҳои зиёд ба пойтахт меоянд ва талош мекунанд дар ҳамин шаҳр дари саодати донишҷӯ шуданро ба рӯи худ боз кунанд. Аммо ин кори осону содае нест. Бояд хеле мутолиа кард, то орзу амалӣ гардид. Ва Китобхонаи миллӣ ин гуна шароитҳои хубро дорад.

Далер Раҳимов, сокини шаҳри Конибодом, мегӯяд яке аз хонандагони фаъоли китобхонаи ба номи Абдураҳмони Ҷоми шаҳри Конибодом мебошад. Ў  бори нахуст ба Китобхонаи миллӣ ташриф овардааст ва ҳангоми суҳбат чунин ибрози андеша намуд, ки «Ҳангоми дар синфи 8-ум таҳсил намуданам меҳрам ба китобхонӣ беандоза гардид.

Страницы