Субҳи имрӯз як гурӯҳ меҳмонони хориҷӣ аз Олмон, Фаронса ва Мексика ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварданд. Онҳо аввал ба бахши бақайдгирӣ ошно шуданд, баъдан раҳ пай гирифтанд барои тамошои дигар шуъбаҳо. Дар Шуъбаи кӯдакон ва наврасон меҳмонон бо гӯшаи “Дастони моҳир”, ки маҳсули дастони атфол буд, таваҷҷӯҳ карданд.
Сипас, онҳо аз шуъбаҳои дигари Китобхона, аз
Комёри Шопур-фарзанди шоираи маъруфи эронӣ Фурӯғи Фаррухзод ва Парвизи Шопур дар синни 66 солагӣ бар асари сактаи қалбӣ аз олам даргузашт. Афсона Баёт-духтархолаи Комёри Шопур ин хабарро ба хабаргузориҳо тайид кардааст ва гуфтааст, ки рӯзи душанбе қалби Комёр аз задан бозмонд.
ВВС ин иқтибосро аз мусоҳибаи Комёр бо рӯзномаи “Шарқ” овардааст: “Аз тарафе хушҳолам,
Охири моҳи июн як силсила китобҳои нави ноширони кишвар ба Китобхонаи миллӣ ворид шуд, ки дар айни замон дар коркард қарор доранд. Баъди чанд рӯзи дигар ин китобҳо вориди толорҳои хониш мешаванд ва хонандагон имкон пайдо хоҳанд кард аз онҳо истифода кунанд.
Аз ҷумлаи китобҳои тозавуруд инҳоянд:
Дар шашмоҳаи аввали соли 2018-ум 16464 нусха адабиёт ба маблағи умумии 224247,68 сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид карда шуда, мавриди коркард қарор дода шуд. Ба захираи умумии Китобхона 15800 нусха ба маблағи умумии 217509,00 сомонӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла, китобҳо – 15140 нусха, маҷаллаҳо – 418 нусха, нашрияҳои давомноки илмӣ - 146 нусха, авторефератҳо-100 нусха, диссертатсияҳо – 92 нусха, СD DVD - 19 дона.
Покксозиҳои навбатӣ: бояд саҳни Китобхонаи миллӣ аз ҳар гуна ифлосиҳо тоза бошад. Бояд монеъае барои рушди сабзи атрофи Китобхона набошад. Чунин аст ҳадафи асалии тозакориҳое, ки ҳар ҳафта дар Китобхонаи миллӣ мегузаранд.
Кормандон гоҳ дафтарҳои корииро ба низом медароранд ва гоҳи дигар атрофро аз ҳама гуна хасу харӯбаҳо пок месозанд. Рӯзи шанбеи
Cубҳи имрӯз Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо ба омодагии худ ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи китобу китобдорӣ таъкид намуданд.