Фарзанди аршади шодравон академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, набераи Шарифҷон Махдум Садри Зиё-андешаманд ва адиби тоҷик. Доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор. Яке аз маъруфтарин донишмандони тоҷик аст, ки дар Маскав эътироф шудааст. Пажӯҳишҳои гаронмоя дар мавриди “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бо забони русӣ анҷом додааст. Асараҳои зиёде дар бахши Эроншиносӣ дорад, ки бо забони русӣ интишор ёфтаанд.
Доктори илми санъатшиносӣ Шариф Шукуров 7- уми июни соли 1948 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1971 шуъбаи санъатшиносии факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм намуда, фаъолияташ дар бахши таърихи санъати Институти Шарқшиносии АИ СССР (ҳоло АИ Русия) ҷараён гирифтааст, вазифаҳои ходими хурди илмӣ, ходими калони илмиро иҷро кардааст.
Аз соли 1990 мудири шуъбаи фарҳангшиносии муқоисавии ҳамин боргоҳи илмиро ба уҳда дорад. Ҳамзамон дар пажӯҳишгоҳи санъати Русия (ш. Маскав), донишкадаю донишгоҳҳои соҳавии мамолики Аврупо аз таърихи фарҳанги Шарқ сабақ додааст.
Доираи эҷодаш масоили мухталифи санъати мардуми Шарқ, хоса форсизабонон, анъанаҳои фарҳангии ин мардум, ҳамбастагии санъати Шарқу Ѓарб ва ѓайраро фаро гирифтааст. Осори илмиаш ба англисӣ, фаронсавӣ, немисӣ, испанӣ, арабӣ, форсӣ ва дигар забонҳо нашр шудааст.
Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2018) . – Душанбе, 2017. – С. 232-233.
Осор
«Шахнаме» Фирдоуси и раняя иллюстративная традиция. (Текст и иллюстрация в системе иранской културы XI – XIV веков). – Москва: Главная редпкция восточной литературы, 1983. – 173 с.
Искусство средневекового Ирана (Формирование принципов изобразительности). – Москва: Главная редакция восточной литературы, 1989. – 246 с. Peuplesd, Asie Centrale . – Paris, 1994. – 209 с.
Центральная Азия (Опыт истории духа). – Москва: Панорама, 1996. – 160 с. (соавтор).
Искусство и тайна. – Москва: Алетея, 1999. – 248 с.
Центральная Азия (Опыт истории духа). – Оренбург, 2001. – 254 с. (соавтор).
Образ Храма. Основания темененологии храмового сознания. – Москва: Прогресс, 2002. – 488 с.
Образ человека в искусстве ислама. – Москва: УРСС, 2004. – 158 с.
Друг и дружба. – Москва: Прогресс, 2005. – 199 с.
Смысл, образ, форма. Статьи разных лет. – Алматы: Дайк-Пресс, 2008. – 947 с.
История Росии 20-век. Т1, 2. – Москва: Астриль, 2009. – 304 с.
Архитектура современной мечети. – Москва: Прогресс, 2014. – 243 с.
Таҳияи Баргигул Наботова
Корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ