Се китоби нав ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Чор маҷмўаи хурди адиби тоҷик Абулвайси Азиз дар нашриёти «Мулквар» соли 2019 рўи  чоп  омад. Абулвайси  Азиз  8 марти  1939 дар  деҳаи  Яхсуйи Даҳанаки  Болои  Ноҳияи  Кулоб  ба  дунё  омадаст. Баъди  хатми мактаби миёнаи деҳа таҳсилро дар факултаи таъриху  филолгияи Донишгоҳи  давлатии Тоҷикистон ба  номи В.И.Ленин  идома  дода,  соли  1963  ба  итмом расонидааст. Баъдан  муаллими мактаби  миёна, ходими адабии  Рўзномаи «Комсомоли  Тоҷикистон», муҳаррири нашриёти «Ирфон», «Адиб» (1987- 1994) будааст. Аз соли  1994  машғули  кори  эҷодист. 

Наврўзи  Роғун

 Нуртаронаҳои таълимиву омўзишӣ «Наврўзи  Роғун » ба нураш  тазод  ба нори ҷангҳои Афғонистону Ироқу Яману Сурия ва ба  ҳамагуна  ҷангҳои  ғосибиву таърихии замону  ояндаи  башар  иншост.

 Чун сулҳ, чаро ҷанг?

 Муаллиф мегӯяд ин китобро ба 30 солагии  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдо кардааст вадар оғоз менависад: Олимони асили ҷаҳон  сўзанда не, созанда, розиқи ҳамагон ва кошифанд. Ангора ва  чакомаҳои  ин  рисола  ба  фандҳову  ҷангҳои   ҷаҳонӣ  тазод  иншо  шудаанд. Онҳо  табиатан ба мисли ҳамаи инсонҳои одили Сайёра ба фандҳову ҷангҳо тазод умр ба сар мебаранд, барои имрӯзу фардоянд бо аҳли башар ва оламшавӣ...

Мавҷудот  (Атом – ЭПН)

 Ин номи китоби дигари Абулвайси Азиз аст ва он низ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст. Номҳои  мавҷудоти  ҷуъзиву  куллӣ  дар  баёну  тасвироти  ҳаёти одаму олами  Ватану  Сайёраи  бихрад… бо адиб  вожаву  калимот, шакл, услуб ва маънои  фарогиранди  қомусӣ  доранд.

Муаллиф як муқаддимаи кутоҳе дар боби аввал дорад, ки дар он омадааст: Офаридгор бо мӯъҷизаҳои муқаддаси бешумори тоҷдораш ҳаётободии мавҷудот аст. Онҳо беҷону ҷондоранд, кошифдору бекошифанд. Қонунҳои хосу фардӣ дорад. Зимнан ватан, модар, замон, миллату давлат, кайҳон, галактика, офтоб, моҳ, ситора, бешумор олами бетадқиқ ва ба ақлу чашм, диданиву фаҳмиданӣ, нофаҳмиданӣ ва нодидании фантастикӣ бо ваҳдати одамӣ ҳаётбахшанд...

Идомаи ин муқаддимаро худи шумо хонадагони азиз аз китоб бихонед.

Қатраҳои  баҳри  Бедил

Ин китобчаи хурдакак муколама  ва  андешаҳои  омўзишии  Мирзо Бедил  бо ҳикмати  ваҳдонии  истиқлоли Ватан, Модар, Миллат ва давлат  ба  шарофати  озодӣ  дар асоси  суолу ҷавоб  ва  андешагўи  иншо  аст.

Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова, мутахассиси пешбари Маркази  такмили   ихтисос

Барчаспҳо: