Сайри Ҳисору боғи ба номи устод Айнӣ

Шаст нафар аз ҷумлаи кормандони фаъоли Китобхонаи миллӣ рӯзҳои истироҳати гузашта ба тамошои Қалъаи Ҳисор ва Боғи ба номи устод Айнӣ рафтанд. Ин ибтикори роҳбарияти Китобхона ва Иттифоқи касабаи Китобхонаи миллӣ буд.

Тамошои ёдгориҳои таърихии яке аз қадимитарин қалъа дар кишвар – Қалъаи Ҳисор пеши назар дунёи дигареро боз мекунад. Бинанда муддате худро дар асрҳои қадим, дар замонҳое тасаввур менамояд, ки аҷдодони мо бо ба кор бурдани ҳама ҳунару донишу заковати фитрӣ ин гуна як иншооти боазаматро бунёд кардаанд ва бо гузашти асрҳо он боқӣ мондаву ҳоло ба як макони сайёҳӣ табдил шудааст.

Дар бораи ин ёдгории асрҳои куҳан борҳо шунидаему хондаем ва аз он хондаҳо бахше ривоятанду афсона ва бахше таъриханду илм. Қалъаи Ҳисор қисми таркибии Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор мебошад. Бино ба ривоятҳо кӯҳандижи Ҳисор, ки бо номи Қалъаи Ҳисор маъруф аст, ёдгории даврони Пешдодиён буда, болои қалъа аз се қисм иборат аст. Қисми баландии он қароргоҳи беку амирон, қисми дуюм, яъне поёнӣ - уштурхона ва қисми асосии онро аскархона ташкил медиҳад. Атрофи Қалъаи Ҳисор бо девори баланди кунгурадори муҳофизатӣ иҳота шуда, баландиаш аз сатҳи болои қалъа 3,5 метр, рӯйи девор 10 метр паҳнӣ доштааст. Аз макони бекнишин тамоми ноҳияи Ҳисор чун кафи даст ба чашм метобад. Ба Қалъаи Ҳисор танҳо бо воситаи дарвоза даромадан мумкин будааст

Ривоятҳои таърихӣ бунёди онро ба давраи шоҳ Таҳмураси Девбанд - писари Ҳушангшоҳ, набераи Сиёмак ва абераи нахустподшоҳи афсонавии давраи Пешдодиён (солҳои 3280- 993 то мелод) медонанд. Мувофиқи ривоятҳо Таҳмурас дар муборизаи муқобили девҳо бо усули худи онҳо, яъне бо сеҳру ҷоду ғолиб омада, онҳоро маҷбур месозад, ки ин қалъаро бунёд кунанд ва сипас девҳоро ба даруни қалъа банд андохта, аз онҳо ҳарфу хат омӯхта, халқи мулкашро хату савод меомӯзонад. Инчунин ривояте доири аз дасти Қаҳқаҳи ҷоду озод кардани Қалъаи Ҳисор аз ҷониби Ҳазрати Алӣ (р) дар эҷодиёти халқ мавҷуд аст. Ҳангоме ки кас ба он хоки анбӯҳи дур аз соҳили дарё қомат афрохта назар меандозад, беихтиёр ба хулоса меояд, ки он дарвоқеъ дар асари ягон қувваи фавқуттабиӣ бунёд ёфтааст.

Аммо ин ривоятанд ва камтар илмианд. Бо вуҷуд бостоншиносону муаррихон талош кардаанд таърихи бунёди онро бар пояи далелҳои илмӣ омӯзанд ва яке аз ин афрод олими рус Н.Новгородсев мебошад. Вай масъалаҳои марбут ба зилзилаи Ҳисорро (23 январи соли 1989) аз назари геологӣ таҳқиқ намуда, дар анҷоми мақолааш (маҷаллаи “Вокруг света, ”соли 1990) менависад: ”Қисмати баландии қалъа дастисохт буда, дар қисмати ҷанубӣ ё табиии он то вақтҳои наздик кӯли чуқуре мавҷуд буд. Қамиш мерусту ҳоло танҳо кӯлмаки хурде аз он нишона мондааст. Аз эҳтимол дур нест, ки ин кӯл дар танӯри вулқони лойин воқеъ будааст ва бо мурури замон фаъолияти худро қатъ кардааст. Он кӯл аз обҳои нафтии қаъри замин сарчашма мегирифт ”.

Аз ин андешаи олим бармеояд, ки хоктӯдаи азими Қалъаи Ҳисор дар натиҷаи зуҳури вулқон ба вуҷуд омадааст ва бо гузашти фосилаи дароз худи воқеаи вулқон аз хотирҳо зудуда гашта, дар боло ва атрофи теппа девору биноҳо бунёд карда шудаанд. Қалъа ва шаҳри Ҳисор бисёре аз ҳокимони одилу фозил ва покандешу хайрандешро дида, давра ба давра ободу зебо гардидааст.

Пас аз истилои Осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоҳӣ дар охири асри XIX шартномаи тобеияти аморати Бухоро, аз ҷумла бекигарии Ҳисор бо империяи Русия муқаррар карда шуд. Тоҷирон, сайёҳон, олимон, таҳқиқотчиён, мансабдорон ва ҳар биёни Русияву Аврупо дар ҳамаи бекигариву амлокдорӣ ҳуқуқи озодона савдо кардану кору таҳқиқотӣ бурданро пайдо намуданд. Ба аврупоиён ганҷинаи пурасрори Ҳисори Шодмон дар соли 1875 аз ҷониби «Экспедитсияи Ҳисор» маълум гардид. Акнун онҳо ба ин диёр омада оид ба омӯзишу таҳқиқи растаниву ҳайвонот, обҳои табииву конҳои пурасрор, захираву манбаъҳои зеризаминӣ, сиёсату маданият ва вазъи зиндагии мардуми оддӣ машғул мешуданд.

Хонандагони азиз барои дарёфти маълумоти бештар дар ин бора метавонанд ба Донишномаи озод, ки иқтибосоте то ин ҷо аз он бардоштем, пайдо кунанд. Мо баъди қалъаи Ҳисор аз сохтмонҳои наву замонавии он, аз ҷумлаи чойхонаи харбуза, ки бахшида ба 25-уми солгради Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуда буд, дидан кардем.

Дар қисмати баъди барномаи сайёҳат боздид аз Боғи ба номи устод Айнӣ буд, ки ба тозагӣ навсозӣ шуд ва бо ширкати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.  Аммо навсозии боғ комил ба анҷом нарасидааст ва ҳоло ин боғи назарраборо тозакориҳои дигар интизор аст. 

Хусрави Милод,
корманди шуъбаи таблиғ ва
баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ
.

Аксҳои муаалиф